Ба 32 сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз онҳо ҷабрдидаҳои "тарҳи чинӣ" низ ном мебаранд, хонаҳои нав доданд.
Манзили пешинаи онҳо соли 2015 бо ҳадафи бунёди шаҳраке дар канори рӯди Сир вайрон карда шудааст. Масъулияти сохтмони шаҳракро сармоядорони чинӣ ба уҳда доштанд, аммо дертар аз идомаи он даст кашиданд.
Масъуда Бобоҷонова, яке аз ҷабрдидаҳо, мегӯяд, хонаи нави онҳо дар маҳалли 18-ум ва дар як бинои баландошёна воқеъ аст. Онро ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳамчун ҷуброни зарар ба мардум сохтааст.
Ӯ рӯзи 16-уми апрел гуфт: "Хона хуб аст, ба мо писанд омад. Ҳама шароиташ муҳайёст. Ҳатто чароғҳояшро гузоштаанд. Хеле хушҳол ҳастам, ки билохира соҳиби хона шудам."
Хонум Бобоҷонова ва ҳамроҳонаш шаш сол боз дар хонаҳои иҷора ва дар шароити начандон хуб мезистанд. Ҳарчанд харҷи иҷораро ҳукумати Хуҷанд мепардохт, ба таъхир афтодани сохтмони бинои нав онҳоро нигарон карда буд.
Қисме аз ин сокинон рӯзи 13-уми апрел бо талаби бозпас гирифтани хонаҳояшон дар назди бинои ҳукумати шаҳр таҷаммуъ карданд. Эҳтимол меравад, ин ҳолат тақдими хонаҳоро тезондааст.
Рафоат Ҳошимова, раиси бинои нав, гуфт, "рӯзи сахтро паси сар кардем. Акнун аз хурсандӣ мегӯем. Қуръапартоӣ шуд, ҳама хонаҳои табъи дили худро гирифт. Ягон хел нофаҳмӣ нашуд, хеле хушҳолем."
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Сохтмони "шаҳраки чинӣ" дар канори дарёи Сир моҳи августи соли 2015 бо мудири кулли ширкати "Пекин" Ҷао Шин Ҷо ва гуруҳе аз меъморони чинӣ ниҳоӣ шуда буд. Бар асоси тарҳ дар он ҷо бояд 15 бинои бисёртабақа барои 1200 оила, мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ месохтанд.
Ҳоло ҷойи хонаҳое, ки бо умеди бунёди шаҳраки нав вайрон карда шуданд, холӣ истодааст. Танҳо атрофашро пӯшондаанд. Маълум нест, дар он ҷой чӣ месозанд.
Шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, ширкати чинӣ бо сабаби "баланд будани сатҳи об" ва "масъалаҳои дигар" дар ин минтақа шаҳракро насохт. "Масъалаҳои дигар"-и байни мақомоти Тоҷикистон ва ширкати чинӣ ва зараре, ки аз ин тарҳи иҷронашуда пеш омад, рӯшан нест.
Ҷониби Чин то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.