Анн Линде, вазири корҳои хориҷии Шветсия ва раиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон бо раиси ҷумҳурӣ ва мансабдорони дигар мулоқот кард. Хабарнигорон ба ин вохӯриҳо роҳ наёфтанд ва дафтари САҲА дар Тоҷикистон низ ҳеч шарҳе надод.
Худдории роҳбари САҲА аз суҳбат бо хабарнигорон
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Анн Линде пас аз зуҳри 15-уми апрел дар Қасри Миллат баргузор шуд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар эъломияе гуфт, "дар мулоқот вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо САҲА дар бахши сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ муҳокима карда шуд."
Ба қавли манбаъ, роҳбари САҲА пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо" дастгирӣ кардааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Пеш аз вохӯрӣ бо раиси ҷумҳур, роҳбари САҲА бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дидор дошт. Дар ин мулоқот, ба иттилои ВКХ, ҳамкориҳои дуҷониба ва низ вазъ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Чолишҳои муосир, аз ҷумла таъсири бемории COVID-19 ба иқтисод, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибернетикӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси САҲА будааст.
Иттилои алтернативӣ дар бораи дидори Анн Линде бо раиси ҷумҳур ва вазири корҳои хориҷӣ дастрас нест. Маълум нест, ба ҷуз аз хабарҳои расмии нашршуда, дар ин дидорҳо боз кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Анн Линде ҳангоми ворид шудан ба бинои дафтари САҲА дар Душанбе аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард. Масъулини созмон ҳам дар Душанбе дар бораи сафари ӯ ҳеч шарҳ намедиҳанд.
Раиси САҲА ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ мегӯяд?
Дар назар аст, роҳбари САҲА шоми 15-уми апрел бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам вохӯрад. Бар асоси иттилои дарёфтӣ, ба ин мулоқот танҳо панҷ намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шудаанд. Хабарнигорон ба ин нишаст даъват нашуданд.
Дар остонаи сафари раиси Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва маҳсубони сиёсӣ аз ӯ даъват карда буд, ки дар мулоқот бо мақомоти тоҷик "раҳоии фаврии Иззат Амон", ҳомии ҳуқуқи шинохтаро талаб кунад.
Ин созмони наздик ба мухолифин дар Аврупо ба Анн Линде муроҷиат карда гуфтааст, "Иззат Амон, ки дар замони пандемияи COVID-19 дар Русия саломатии худро дар хатар монда, ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷикро наҷот дод, ғайриқонунӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст".
Маълум нест, ки Анн Линде дар суҳбатҳояш бо раиси ҷумҳур ва вазири корҳои хориҷӣ то куҷо паёми созмонҳои ҳомии ҳуқуқро расондааст. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, аз сафари роҳбари САҲА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон наметавон мунтазири натиҷаҳои зиёд буд.
"Тоҷикистон аз САҲА мехоҳад, ки Душанберо танқид накунанд"
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бар асоси қоидаҳои маъмул дар САҲА, роҳбари ин созмон ҳамасола ба кишварҳои узв сафар мекунад. Аз ин рӯ, Муллоҷонов таъкид мекунад, ки сафари Анн Линде ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, як чизи маъмулӣ аст.
Ин сафари нахустини як раҳбари банадпояи созмони ҳомии демократия ба қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар чанд соли охир аст.
Сафар дар ҳоле баргузор мешавад, ки баъд аз соли 2016 Тоҷикистон салоҳиятҳои ин созмонро, ки дар дуртарин қаламравҳои Тоҷикистон намояндагӣ дошт, кам кард. Душанбе дар ҷаласаи соли гузашта барои тасдиқи дубораи номзадии Ҳарлем Дезир ба мансаби намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот низ мухолифат нишон дод.
Як интиқоди Душанбе аз созмони иборат аз 53 узв ва ҳомии интихоботи озоду матбуоти мустақил ин аст, ки дар баробари мақомоти расмии кишварҳои узв, ба намояндагони мухолифон ҳам минбари баробар медиҳад.
Таҳлилгар Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, “Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки САҲА дигар зиёд Тоҷикистонро танқид накунад ва рейтинги байналмилалии кишвари моро паст назанад. Чунки ҳукумат бовар дорад, ки дар бар асари ин танқид имиҷ ё обрӯи Тоҷикистон паст мешавад ва сармоягузорӣ ҳам коста мегардад.”
Дар навбати худ ба гуфтаи коршинос, САҲА мехоҳад, Душанбе пойбанди “қоидаҳои воҷиб” ба монанди риояи ҳуқуқи башар, таъмини озодии баён ва таъмини ҳуқуқи зиндониён бошад.
Сафари раҳбари САҲА ба чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон 11-уми апрел оғоз шуд ва 15-уми апрел ба поён мерасад. Рӯзи 13-уми апрел Анн Линде дар Бишкек буд ва бо президент ва дигар мақомоти Қирғизистон дидору гуфтугӯ дошт.
Созмони мазкур, аз ҳамкорони муҳими Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар аз соли 1994, замони ҷанги дохилӣ шуруъ карда, то имрӯз миллионҳо долларро барои иҷрои барномаҳояш ҷудо кардааст.