Дар остонаи омодагии президенти ИМА Ҷо Байден ба эълони хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то таърихи 11 сентябр, ки 20-солагии ҳамлаи Ал-Қоида ба ИМА мебошад, Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, фурсати он расидааст, ки Амрико ва муттафиқонаш дар НАТО аз Афғонистон берун шаванд. Блинкен, ки 14 апрел пеш аз ҷаласаи вазирони дифои НАТО аз қароргоҳи ин созмон дар Брюссел тавассути телевизион сӯҳбат мекард, гуфт, Вашингтон бо НАТО дар заминаи хуруҷи “ҳамоҳангшуда” ҳамкорӣ мекунад. Тахминан 7 ҳазор сарбози хориҷии ғайриамрикоӣ аз кишварҳои НАТО, инчунин Австралия, Зеландияи Нав ва Гурҷистон мебошанд, шумори нирӯҳои амрикоӣ 2500 нафар аст, вале ҳамаи онҳо аз ёриҳои ҳавоиву барномаҳои омӯзишии Амрико дар Афғонистон истифода мекунанд. Блинкен, ки ҳамроҳ бо вазири дифои ИМА Ллойд Остин дар Белгия қарор дорад, гуфт, “дар ҳамкорӣ мо ба ҳадафҳои худ расидем ва ҳоло фурсати он расидааст, ки нирӯҳоро ба хонаҳояшон баргардонем”. Изҳороти Блинкен ба он маъност, ки хуруҷи нирӯҳо, ки қарор буд то 1 май анҷом шавад, бо таъхири панҷмоҳа сурат мегирад. Зарбулаҷали хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон то оғози моҳи маи имсол бахше аз созиши маъмурияти ИМА бо Толибон аст, ки соли гузашта дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп имзо шудааст.