Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҳанӯз дар бораи ширкат дар конфронси Туркия посух надодаанд


Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон дар конфронси Маскав. Марти соли 2021
Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон дар конфронси Маскав. Марти соли 2021

Толибон гуфтанд, барои ширкат дар конфронси сулҳи Афғонистон, ки 16-уми апрел дар Туркия баргузор мешавад, ҳанӯз посухи рӯшан надоранд. Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон рӯзи 12 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи ҷангӣ бояд дар идомаи рӯз дар ин замина қароре қабул кунад. Наим нагуфт, ки далели таъхир дар посух чӣ аст.

ИМА, ки соли гузашта бо Толибон созиши сулҳ имзо кард, дар талоши ин аст, ки аз роҳи муколамаи ин гурӯҳ бо ҳукумати Афғонистон ба даҳсолаҳои ҷанг дар ин кишвар хотима гузошта шавад. Ташаббускори конфронси Истамбул ИМА мебошад ва интизор меравад, ки барои музокироти байниафғонии Толибон ва ҳукумати Афғонистон як такон хоҳад буд. Дар ин конфронси даҳрӯза қарор аст намояндагони ҳукумати Афғонистон, Толибон, қудратҳои минтақавӣ, аз ҷумла Покистон, Эрон, Ҳинд, Чин ва Русия иштирок бикунанд.

XS
SM
MD
LG