Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Авесто": Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш меёбад


Акс аз як бозори мошинфурӯшии Тоҷикистон. Соли 2018
Акс аз як бозори мошинфурӯшии Тоҷикистон. Соли 2018

Хабаргузории “Авесто” менависад, Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ воридоти нақлиётро 7,5 % ва содиротро 1,7 % бештар кардааст. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маблағи умумии мошинҳои воридотӣ беш аз 48 миллион долларро ташкил медиҳад. Тоҷирони мошин ин равандро ба бештар шудани талабот дар бозори дохилӣ рабт медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз оғози имсол нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло меравад. Ба Тоҷикистон асосан худравҳои дасти дуввум оварда мешаванд, ки нарахашон нисбати мошинҳои нав арзонтар аст. Ба Тоҷикистон нақлиёти сабукрав аксаран аз кишварҳои Аврупову Балтика ва мошинҳои боркаш аз Чин оварда мешаванд.

XS
SM
MD
LG