Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкон сабаби марги Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфараро гуфтанд


Иқбол Тешаев.
Иқбол Тешаев.

Иқбол Тешаев (Иқбол Илёсзода), хабарнигори тоҷик ва сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара, рӯзи 5-уми апрел бар асари беморӣ дар 51-солагӣ даргузашт. Ӯ аз камшумор сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ буд, ки ҳамеша бо расонаҳо суҳбат мекард.

Таибиддин Муҳаммедов, сардухтури Бемористони марказии шаҳри Исфара, ба Радиои Озодӣ гуфт, Иқбол Тешаевро субҳи имрӯз дар ҳолати вазнин аз хонааш оварданд ва пизишкон талош натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Ӯ афзуд, сабаби даргузашти Иқбол Тешаев "норасоии кори дилу рагҳо" аст. "Саҳар оварданд мо як соат кӯшиш кардем, дилро барқарор карда нашуд", - афзуд сардухтур.

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки Иқбол Тешаев чанд вақти охир бо расонаҳои зери раҳбарии ӯ ҳамкорӣ дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, "маросими дафни Иқбол Тешаев дар ҷамоати Ворухи Исфара баргузор шуд".

Иқбол Тешаев зодаи шаҳри Исфара ва хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Хабарнигорон ӯро аз дастрастарин сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ медонистанд, ки ба гуфтаи онҳо "ахбори муҳим, ба вижа роҷеъ ба масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро дар ихтиёри расонаҳо қарор медод".

XS
SM
MD
LG