Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, пулиси Русия даҳҳо муҳоҷири тоҷикро, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дастгир шуданд, ҷарима баста ва озод карданд.
Ҳомиёни ҳуқуқ аз созмони “Маркази тоҷикон” дар Маскав рӯзи 3-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин муҳоҷирон барои риоят накардани тартиботи ҷамъиятӣ ва риоят накардани қоидаҳои иқомат дар Русия ҷазо гирифтаанд.
Теъдоди дигар ба гуфтаи созмони “ОВД-инфо” дар Русия ба майдаавбошӣ муттаҳам шудаанд, ки барои он ҳам ҷарима пешбинӣ шудааст. Яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфт: “Онҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатии шуъбаҳои умури дохилаи ноҳияҳои Можайски, Тсаритсино, Гловинский, Нагорний нигаҳдорӣ мешуданд.”
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, аз ҳисоби тақрибан 200 нафаре, ки рӯзи ҷумъа 2-уми апрел боздошт шуданд, аксариятро 5 ҳазор рублӣ ҷарима баста ва озод кардаанд. Аз ин миён, ҳомиёни ҳуқуқ натавонистаанд, ҷойи нигаҳдории 30 нафарро пайдо кунанд, вале мусоҳиби мо гуфт, рӯзи 3-уми апрел маълум карданд, ки 13 нафарашон дар боздоштгоҳи ноҳияи Можайск паси панҷара будаанд.
"ОВД инфо", яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Русия, ки доир ба дастгиршудагони эътирозҳо маълумот ҷамъ мекунад, рӯзи 3-уми апрел хабар дод, ки дар умум бештар аз 100 нафарро дастгир кардаанд ва то шоми ҳамин рӯз ҳамаи онҳоро ба истиснои як нафар ҷавоб додаанд.
Баъди намоз эътироз
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик рӯзи 2-уми апрел баъди адои намози ҷумъа дар масҷидҳои Маскав бо талаби озодии Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохта, ки ба Душанбе ихроҷ шуд, ба назди сафорати Тоҷикистон рафтанд. Аммо бисёре аз онҳоро маъмурони пулиси Русия дастгир карда бо худ бурданд. Дар наворҳои видеоие, ки эътирозгарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, дида мешавад, ки пас аз чанд лаҳзаи ҷамъ омадани онҳо дар назди сафорат, кормандони пулиси Маскав муҳоҷиронро боздошт карда, дар автобусҳо мебаранд.
Дар сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, азбаски муҳоҷирони тоҷик бидуни иҷоза дар назди намояндагии дипломатии кишвар ҷамъ омаданд, пулиси Русия, ки масъулияти муҳофизат ва таъмини амнияти сафоратро дорад, онҳоро дастгир кардааст. Як манбаъ аз сафорати Тоҷикистон рӯзи 3-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди ҷамъомада на мақомоти Русия ва на онҳоро аз қасдашон барои гирдиҳамоӣ дар назди сафорат огаҳ накардаанд ва бинобар ин маъмурони пулис барои ин “амали худсарона“ дастгир карда бурданд.
Боздошти Иззат Амон, ки рӯзи 25‑уми март дар Маскав нопадид шуд ва чанд рӯз баъд аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд, хашми муҳоҷирони тоҷикро дар Русия барангехт. Ӯ раиси “Маркази тоҷикон” аст ва пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони онҳо ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва гоҳ гоҳ кумаки молӣ мерасонд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ ва бар асоси шикояти як шаҳрванди кишвар боздошт шуд. Намояндагони сафорат эътирози муҳоҷиронро ғайриқонунӣ номида, мегӯянд, онҳое, ки фирефтаи даъват ба эътироз шудаанд, “барои вайрон кардани қонун ҷазо мегиранд ва аз хоки Русия ихроҷ мешаванд”. Дар Русия бино ба оморҳои ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору иқомат мекунанд.