Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки ба зидди Иззат Амон, ҳомии шинохтаи муҳоҷирони корӣ дар Русия бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Вазорат рӯзи 26-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки Изатулло Холов аз Бобоҷон Шарипов, як шаҳрванди Тоҷикистон бо ваъдаи раҳо кардани бародараш аз зиндоне дар Русия 40 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоӣ гирифта ва “ягон корро анҷом надодааст ва маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.” Барои ҳамин гуфтааст, вазорат ӯ дар ҷустуҷуи расмӣ қарор дорад.
Пештар аз ин ҳамкорони Иззат Амон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маъмурони пулиси Маскав, пойтахти Русия рӯзи 25-уми март Иззат Амонро бо худ "бурданд" ва то ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Русия аз сарнавишти ӯ изҳори бехабарӣ карданд. Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав аст, ки пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард.
Баъзе коршиносони тоҷик боздошти Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи муҳоҷирони кории тоҷикро паёме ба дигар мунтақидони ҳукуматҳои кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон медонанд.
Дар робита ба боздошти Иззат Амон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни коршинон низ назарҳои мухталиф садо медиҳад. Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, рӯзи 26-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Русия барои афроде, чун Иззат Амон дигар кишвари амн нест: “Чунин нафароне, ки ақидаҳои озод ва ё зиддиҳукуматӣ доранд, бояд фикр кунанд, ки то куҷо дигар онҳо дар Русия қарор гиранд ё на. Бояд дар фикри он бошанд, ки ҳарчӣ зудтар аз Русия берун шаванду ба дигар кишварҳои амн сафар кунанд, то ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.”
Дар як навори аз қабл сабтшуда Иззат Амон иддао кардааст, ки таҳти таъқиб қарор дошт ва дар сурати боздошт ӯро "бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе мефиристанд. Ин иддаоро Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 26-уми март беасос номид. Сухангӯи вазорат Нусратулло Маҳмадзода, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон дар боздошти Иззат Амон даст надоранд ва ӯ бар асоси қонунгузориҳои Русия дастгир шудааст. Дар баёния, ки дертар нашр шуд, омадааст, Иззат Амон дар ҷустуҷу қарор дорад, вале доир ба дархости истирдод аз Русия чизе нагуфтаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон ба тамосҳои батакрори мо посух надод.
Иззат Амон дар идомаи суҳбати видеоӣ, ки шоми 25-уми март дар Ютуб гузоштанд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро беэътибор эълон карданд.
Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, агар тақаллубкорие дар дастрас намудани шиносномаи русӣ аз сӯи Иззат Амон сурат гирифта бошад, одилона нест, ки барои чунин кор танҳо ӯро ба ҷавобгарӣ кашанд.
Ҳакимов афзуд, “тақаллуб бошад, бояд нисбати дигар кормандони мақомоти салоҳиятдори Русия, ки дар ин қонуншиканӣ ба Иззат Амон ёрӣ додаанд, парванда боз шавад, то эътимод нисбати давлату давладорӣ бештар шавад, дар акси ҳол ин боиси халалдор шудани на танҳо муносибатҳо байни шаҳрвандони оддӣ, балки дар сатҳи сиёсӣ низ мешавад”.
Ба қавли ҳуқуқшинос, боздошти Иззат Амон, агар ангезаи ҷиддӣ дошта бошад, мақомоти Русия бояд онро расман эълон кунанд. Вай гуфт, Иззат Амон аз ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик садо баланд мекард ва консулгарии Тоҷикистон дар Русия низ бояд вориди қазия шавад.
"Як устухоне дар гулӯ шуда буд"
Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи қазияи Иззат Амон маълумоте надоранд. Ӯ афзуд, ки “Иззат Амон шаҳрвандии Русияро дошт ва ҳамчун шаҳрванди Русия мақомоти ин кишвар ба сафорат ё бо ҷониби Тоҷикистон барои тасмимгирӣ дар нисбати ӯ машварат намекунанд”.
Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав Иззат Амонро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” гунаҳкор кардааст ва ба ӯ ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад. Қарори додгоҳ рӯзи 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ҳукми иҷро гирифтааст.
Моҳи октябри соли гузашта, мақомоти интизомии Маскав дафтари Маркази тоҷиконро бо баҳонаи "ҷустуҷӯи адабиёти ифротгароёна" тафтиш карда буданд. Дар дастуре, ки нусхаи он дар Фейсбук нашр шуд, гуфта буданд, "Холов Иззат эҳтимол тарғиботи ифротгароии диниро ба роҳ мондааст". Иззат Амон он замон гуфта буд, зоҳиран ин як ҳушдор ба ӯ дар бораи фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон аст, ки ба ҳукумати Русия ва Тоҷикистон хуш намеояд.
Ба назари коршинос Абдумалик Қодиров боздошти Иззат Амон такрори сенарияи қазияи марҳум Каромат Шарипов, ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирон аст, ки нахуст шаҳрвандияш беэътибор ва сипас ихроҷ карда шуд. Қодиров мегӯяд, Иззат Аммон бар зидди бадрафториҳо бо муҳоҷирони корӣ мубориза мебурд, бинобар ин барои мақомоти Русия як устухоне дар гулӯ шуда буд: “Онҳо талош мекунанд, ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд, дар ин ҷо имкони ҳимояи муҳоҷиронро гум мекунад. Фикр намекунам, дар ин кор мақомоти Тоҷикистон даст дорад, вале аз боздошти Иззат Амон мақомоти Тоҷикистон ҳавасманд ва ҷонибдорӣ истирдоди ӯ аст”.
Иззат Амон дар ду соли охир аз сиёсатҳои мақомоти тоҷик башиддат интиқод карда, мегуфт, нисбат ба ӯ дар Тоҷикистон ҳам парванда боз намудаанд. Иддаое, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо рад кардааст.