Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти “Қалби Осиё” дар Душанбе такрор ба такрор ҷанги Афғонистонро таҳмилӣ номид. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми март гуфт, "мардуми Афғонистон аз ҷангу ҷидоли таҳмилӣ, такрор мекунам, таҳмилӣ, ки аз дахолат ба умури он сар зад, ранҷ мекашанд. Кишварҳои минтақа намегузоранд, ки мардуми Афғонистон бо мушкилоти таҳмилшуда танҳо монанд".
Нишасти нӯҳуми “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” рӯзи 30-юми март дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин нишаст вазирони умури хориҷии 15 кишвар ширкат карданд. Дар қисмати аввали маросим Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои афғонистонияш Ашраф Ғанӣ суҳбат карданд.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон тасдиқ кард, ки хоҳони интихоботи зудраси президентӣ ва "ҳукумати интиқолии сулҳ" аст. Ӯ рӯзи 30-юми март ишора кард, ки интихоботи пеш аз муҳлат баъд аз созиши сиёсӣ бо Толибон сурат мегирад. Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамчунин барои баргузории интихоботи қабл аз муҳлат чаҳор шартеро пеш гузошт:
- Созишномаи сиёсӣ аз сӯи порлумони Афғонистон ё Луи Ҷирга бояд тасдиқ шавад
- Оташбас тавассути назорати байналмилалӣ
- Таъмин намудани кафолатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба бетарафии вазъи Афғонистон.
- Ташкили ҳукумат ва таъмини сулҳ дар доираи конситутсия бо назорати байналмилалӣ.
Ашраф Ғанӣ ҳамчунин гуфт, роҳбарияти феълии Афғонистон дар интихоботи зудраси президентӣ ширкат нахоҳанд кард ва "ҳукумати интиқолии сулҳ" то муайян шудани роҳбарияти оянда кишварро идора мекунад.
Ашраф Ғанӣ аз гуфтугӯ бо гуруҳи Толибон ибрози умед кард, ки метавонад бо як тавофуқоти сиёсӣ анҷом шавад. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, оташбаси серӯзае, ки тобистони соли гузашта дар остонаи моҳи Қурбон то андозае ин умедро коста кард.
Дар бораи интихоботи пеш аз муҳлат ҳафтаи гузашта як мансабдори баландпояи Афғонистон ба Радиои Озодӣ хабар дода буд. Ба қавли манбаъ, ки бино бар ҳассос будани мавзуъ нахост номаш зикр шавад, "агар Толибон ба оташбас розӣ шаванд, интихоботи пеш аз муҳлат дар муддати шаш моҳ пас аз тавофуқ баргузор хоҳад шуд".
Ин мақоми баландпояи раёсати ҷумҳури Афғонистон афзуд, Толибон пеш аз баргузории интихобот таҳти як механизм метавонанд, аъзои "ҳукумати сулҳ" бошанд. “Ба онҳо вазорату раёсатҳо дода хоҳад шуд ва ҷангҷӯёнашон ба сафи нерӯҳои амниятӣ ҷалб хоҳанд шуд”, -- илова кард ӯ.
Аммо гуруҳи Толибон ба ин тарҳ мухолифати худро эълон карда гуфтанд, дар бораи сохтору низоми оянда ҳайатҳо дар Қатар тасмим мегиранд.
Қарор аст, Ашраф Ғанӣ рӯзҳои наздик дар нишасти Истанбул дар бораи интихоботи пеш аз муҳлат ҷузъиёти бештар диҳад.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон дар нишасти "Қалби Осиё-Раванди Истанбул" гуфт, муҳимтарин дарси ҷанги чилсолаи Афғонистон ин аст, ки роҳи ҳалли низомӣ ҳамеша ба шикаст рӯ ба рӯ аст. Аз ин рӯ, Зариф афзуд, Эрон аз ҳама тарафҳо мехоҳад сари мизи музокирот биншинанд.
Ба таъкиди вазири корҳои хориҷии Эрон, танҳо гуфтугӯи байнулафғонӣ, аз ҷумла бо ширкати Толибон метавонад барои Афғонистон сулҳ ба армуғон орад. Муҳаммадҷавод Зариф дар суханронии 3-дақиқагиаш борҳо аз дахолати хориҷӣ ва ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон интиқод кард ва гуфт, ин неруҳо бояд ин ҳамсоякишвари Эронро тарк кунанд.
Аммо вазири корҳои хориҷии Эрон дар остонаи танаффуси конфронс аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ варзид.
Дар кул иштирокдорони нишасти Душанбе таъкид карданд, ки низои Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва тарафҳо бояд раванди гуфтугӯҳои сулҳро суръат бахшанд. Сулҳе, ки ба қавли ширкатдорони конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” бояд ба ҷанги чилсолаи Афғонистон ва ранҷу азоби мардуми он хотима диҳад.