Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулсифат Шаҳидӣ: "Ин пирӯзиро ба мардуми худ мебахшам"


20-уми марти соли 2021. Гулсифат Шаҳидӣ, нависандаи тоҷик ва маҷмӯаи "Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон"-аш барандаи ҷоизаи миллии адабии Русия гардид. Озмуни адабӣ бо ташаббуси Иттиҳоди нависандагони Русия баргузор шуд
20-уми марти соли 2021. Гулсифат Шаҳидӣ, нависандаи тоҷик ва маҷмӯаи "Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон"-аш барандаи ҷоизаи миллии адабии Русия гардид. Озмуни адабӣ бо ташаббуси Иттиҳоди нависандагони Русия баргузор шуд

Нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ва “Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон”-аш барандаи ҷоизаи миллии адабии Русия гардид, ки бо ташаббуси Иттиҳоди нависандагони Русия инак бори даҳум баргузор мешавад. Маросими эълони барандаҳои ҷоиза шоми 20-уми март дар Толори консертии ҳукумати Русия дар Маскав баргузор шуд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Маскав рӯзи 22-юми март нависандаи тоҷик гуфт, ки барои ӯ мукофот бисёр ногаҳонӣ буд, чун давоми се соли охир пайваста асарҳояшро ба ин озмун ирсол мекард ва то ҳол ҳеҷ гоҳ чизе набурда буд. Ба гуфтааш, вақте исми ӯро ҳамчун барандаи ҷоиза эълон карданд, дар ҳайрат монд.

Гулсифат Шаҳидӣ гуфт: “Барои ман бисёр ногаҳонӣ буд, ба он хотир, ки интизор надоштам як нависандаро бо исми тоҷикӣ қадрдонӣ кунанд. Ҳайати ҳакамон - тахминан 50 нафар, ҳама дар толор буданд ва тавре фаҳмидам, овоздиҳӣ бидуни шинохтани шахсияти нависандаи довталаби озмун бар асоси танҳо баҳогузорӣ ба асарҳои ӯ сурат гирифтааст ва ман аз рӯи маҷмӯи баллҳо баранда эълон шудам. Ман гуфтам, ки ин пирӯзиро дар остонаи иди Наврӯз ба мардуми Тоҷикистон мебахшам”, гуфт Гулсифат Шаҳидӣ ба Радиои Озодӣ.

Маҷмӯаи “Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон” се сол пеш иншо шуда, ба забонҳои тоҷикӣ (дар Душанбе), русӣ (дар Маскав) ва ба русию англисӣ (дар Лондон) нашр шудааст. Рӯнамоии ин асар соли 2019 дар Душанбе ҳам баргузор шуд. Он замон дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ Г.Шаҳидӣ гуфт, ки барои эҷоди маҷмӯи афсонаҳо набераҳояш кӯмак карданд, чун ҳар дафъа аз ӯ дархост мекарданд, ки барояшон афсонаҳои нав қисса кунад.

Тарҷумаи англисии “Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон” соли 2018 дар Лондон ҳам ба нависандааш унвони “Беҳтарин адиб”-и ҷоизаи адабии Hertfordshire-ро овард.

Ин китоб яке аз чанд асар бо қалами Гулсифат Шаҳидӣ аст, ки барои фурӯши интернетӣ ба забони англисӣ тавассути вебсайти Аmazon ҳам пешниҳод шудааст.

Гулсифат Шаҳидӣ соли 1955 таваллуд шуда, солиёни дароз ба ҳайси журналисти ТВ “Мир” кор кардааст. Мегӯяд, аввалин китобаш бо номи "Шаҳри ормонҳои сабз" дар 60-солагиаш рӯи чоп баромад ва баъди баҳои мусбати мунаққидону ҷоизаҳои мисли озмуни "Авруосиёи Боз" - ҳамоиши китоби Осиёи Марказӣ ба худ гуфтааст, ки ман навишта метавонам.

Г.Шаҳидӣ ҳамсари оҳангсози маъруфи тоҷик Толиб Шаҳидӣ аст, ки имсол 75-солагии худро таҷлил кард.

XS
SM
MD
LG