Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бензин гарон шуд, чӣ оқибате барои мардум дорад?" ВИДЕО


Озодӣ Онлайн

Баҳси зиёде имрӯзҳо доир ба қимати бензин дар Тоҷикистон идома дорад, ки чаро як литри он 9 сомонӣ ва ё аз ин ҳам бештар шуд. Мардуми зиёде дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ пурсидаанд, ин вазъ чӣ оқибате барои мардум дорад.

Бо шарҳи корбаре оғоз мекунем, ки худро дар вебсайти Радиои Озодӣ “Тааҷҷуб” номида, чанд суолеро матраҳ кардааст:

"Бензин ба ҷумҳурӣ бо як нарх ворид мешавад, вале барои чӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархҳои гуногун гузошта мешавад? Агар нархи бензин ба нархи маҳсулоти ниёзи мардум таъсир расонад, қимматӣ бештар мешавад. Барои чӣ Вазорати рушди иқтисод ва дигар идораҳо дар даҳон об гирифта, нишастаанд? Ҳукуматдорон магар аз забон мондаанд?"

Иддаи дигар аз корбарон гуфтаанд, як сабаби аслии тағйири якбораи қимати маводи сӯхт ва аз ҷумла бензин иқтисоди заиф ва пойбандии Тоҷикистон аст, ки имкон намедиҳад, мақомот ба қиматҳо дар бозор таъсир гузоранду онро поин баранд.

Яке аз ин гуна шарҳҳоро корбаре бо номи “Рустам 7381” дар саҳифаи мо дар Инстаграм гузоштааст: “Иқтисоди мо ин қадар суст аст, ки комилан ба хориҷ пойбанд ҳастем. Чӣ хел давлат аст, ҳеч нафаҳмидам, нархи нафт арзон мешавад, бензин ҳам бояд арзон шавад. То охири сол бензин 10 сомонӣ мешавад."

Барномаро дар инҷо бинед:

Қимати бензин ва муаммоҳои ҳалношудаи Тоҷикистон дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Гуруҳе дигар гуфтаанд, азбаски дар Тоҷикистон рақобат кам аст ва шумораи ширкатҳои гуногуни фурӯши маводи сӯхт зиёд нест, барои ҳамин, монополистҳо ҳар гоҳ, ки хостанд, қиматро боло мебаранд ва ё поин меоранд.

Шарҳе бо ин мазмунро аз саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм интихоб кардем, ки Фирдавс Ҳакимзода гузоштааст: “То рақобат дар ҳама гуна соҳаҳои иқтисод набошад, ин соҳа пеш намеравад. Азбаски дар ватани мо соҳаҳои иқтисод монополия аст, наметавонем ба халқ маҳсулоти ниëзи мардумро дастрас намоем. Ин ҳол то кай давом мекарда бошад?”

Баъзе аз корбарон навиштаанд, қимати маводи сӯхт танҳо дар Тоҷикистон боло нарафтааст ва тамоюли болоравии нархҳо дар кишварҳои дигари ҷаҳон идома дорад. Аз ҷумла, корбаре, ки худро “Франкфуртӣ” муаррифӣ кардааст, дар вебсайти мо чунин навиштааст: “Дар мо ҳам дар ду ҳафтаи охир нархи бензин якбора аз 0.8 евро ба 1.2 евро боло рафт.”

Вале бештар аз ҳама, шарҳҳо дар бораи оқибатҳои болоравии қимати бензин дар Тоҷикистон зиёд аст ва аксарият гуфтаанд, ки бешак нархи хӯроквориву маҳсулоти дигар ҳам боло меравад ва пеш аз ҳама ба ҷайби мардуми камбизоат зарба мезанад.

Шарҳи корбареро ҳамроҳ мехонем, ки худро дар вебсайти Радиои Озодӣ “Ҳақиқатгӯй” муаррифӣ кардааст: “Бо маоши ночиз акнун чӣ кор мекунем? Нархи ҳама чиз боло рафт, ба ҷуз аз сақичу кукуруз. Кӣ метавонад, садди роҳи ин ҳама чизҳо шавад? Мо гаштем, иди асалу беҳтарин дастурхон гуфта. Ҷаноби олӣ, ин муаммоҳоро ба зудӣ ҳал кунед, вагарна дер мешавад.”

Шумо ҳам агар назару андешае доред, нависед ва ё дар видео сабт кунеду бифристед. Телеграму Вотсап ва Вайберу Имо дорем. То дидор дар барномаи дигар.

XS
SM
MD
LG