Сокинони Хуҷанд ба гарон шудани роҳкирои нақлиёти шаҳрӣ як навъ ҳассосият доранд, зеро онро аломати баланд шудани нархҳои дигар мешуморанд. Рӯзи 4-уми март дар маркази Суғд роҳкиро бист дирам зиёд шуд ва бисёриҳоро нигарон кард.
Муъминхӯҷа Асроров, сокини шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, ташвиши мардум беҳуда нест, чун пас аз ин нархи баъзе маҳсулот дар бозорҳо низ боло рафтааст. “Нархи картошкаю сабзӣ дар бозор қимат шуд. Пеш роҳкиро 1 сомониву 30 дирам буд, ҳеч кас дар бораи гаронӣ гап намезад. Ҳоло нархи маҳсулот ҳам афзуд.”
Ронандаҳо посух медиҳанд, ки ду ҳафта пеш як литр бензин 7 сомониву 20 дирам буд. Ҳоло нархи он аз марзи 8 сомонӣ гузаштааст. Нархи гази моеъ низ аз аввали сол 12 дарсад бештар шуд.
Парвиз Ғиёсов, ронандаи мусофирбар, мегӯяд, нафақат сӯзишворӣ, балки ба иллати баста будани марзҳо ва банд мондани бори тоҷирон нархи қисмҳои эҳтиётӣ низ афзоиш ёфтааст.
Қимат шудани роҳкиро сабаби ҷанҷолҳо дар нақлиёт низ мешавад. Ихтиёр Исмоилов, сокини Хуҷанд гуфт, “баъзе аз мусофирон чаро қимат шуд гуфта, ҷанҷол мекунанд. Намефаҳманд, ки ба ронандаҳо ҳам осон нест. Одамон ҳар хел, баъзашон намефаҳманд.”
Мақомоти вилоят мегӯянд, имкони баланд набардоштани нарх дар миён набуд. Мурод Қодиров, сардори шуъбаи мусофирбарии Суғд гуфт: “Агар нархро баланд накунем, нақлиёт ба сабаби харҷи худро набаровардан фарсуда шуда, маҷбур аз бозор мебароянд. Агар аз бозор бароянд, боз мо ба ҳолати вазнин дучор мешавем. Барои ҳамин, маҷбур шудем, бист дирам гарон кунем.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Аз афзоиши нарх худи ронандаҳо ҳам шод нестанд. Набиҷон Бобоҷонов, ронандаи таксӣ мегӯяд: “Мехоҳам, намояндагони ҳукумат тавассути телевизион баромада, фаҳмонанд, ки ин гароншавӣ муваққатӣ аст ва аз ин зиёд қимат намешавад. Мо ҳаракат дорем, ки газу бензинро арзон кунем гӯянд, тамом”.
Дар вилояти Суғд наздик ба 5 ҳазор нақлиёти мусофирбари хурду калон дар 360 хатсайр фаъолият мебаранд ва қисме аз онҳо давлатӣ ҳастанд. Аммо онҳое ҳам, ки бо нақлиёти шахсии худ дар хатсайрҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд, аз суйи масъулони Вазорати нақлиёт танзим мешаванд.