Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике дар ИМА барои ташкили арӯсии дурӯғин барои грин-корт ҳабс шуд


Додгоҳ дар аёлати Каролинаи шимолии Амрико як зодаи Тоҷикистонро барои хостгорӣ кардани як зани маҳаллӣ ба марди гурҷӣ ва ташкили издивоҷи тақаллубӣ ба хотири ба даст овардани ҳақи иқомат дар ин кишвар ба 8 моҳи зиндон маҳкум кард.
Додситонии аёлоти Королинаи шимолӣ рӯзи 15-уми март эълон кард, ки Тоҷиддин Раҳимов, зодаи 47-солаи Тоҷикистон ба гуноҳи хеш дар ташкили издивоҷи тақаллубӣ иқрор шуд ва додгоҳ ба ин ҷурм ӯро 8 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт.
Ба гуфтаи додситонӣ, Раҳимов як хонуми Амрикоиро, ки дар кӯчаҳо гадоӣ мекард, пешниҳод кардааст агар бо марди гурҷитабор издивоҷ кунад, ба ӯ 12 ҳазор доллар, як мошин ва хонаи иҷора мегиранд.
Бо миёнравии Раҳимов хонуми амрикоӣ, ки бо дӯстдоштааш дар кӯчаҳо талбандагӣ мекарданд, бо Ломтатидзе ном гурҷитабор расман издивоҷ мекунад, то ки марди гурҷӣ соҳиби грин корт ва ё ҳақи иқомат дар Амрико шавад. Бар асоси санади издивоҷи дурӯғин, Ломтатидзе соҳиби грин корт шудааст.

Аммо дар ин миён модари хонуме, ки гӯё бо ӯ издивоҷ карда буд, аз қазия огоҳ шуда ба мақомоти муҳоҷирати Амрико дар бораи ин ҳодиса хабар додааст.
Раҳимов барои хостгорӣ ва миёнравиаш дар ташкили чунин издивоҷи дурӯғин аз марди гурҷӣ 1000 доллар мукофот гирифтааст. Ҳамакнун додгоҳ Раҳимовро дар ташкили “издивоҷи дурӯғин” муҷрим шинохт ва ӯ 8 моҳро пушти миллаҳои зиндон сипарӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG