Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ҷавонон ба артиш бар асоси қонуни нав оғоз мешавад


Сарбозони тоҷик дар гашти низомӣ. Соли 2016
Сарбозони тоҷик дар гашти низомӣ. Соли 2016

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон фармони ҷалби ҷавонони синни 18 то 27- соларо барои хидмат дар артиш имзо кард.

Ҳамзамон бо ин фармон ҷавононе, ки ду сол дар артиш хидмат кардаанд, аз масъулият озод шуданд.

Бар асоси ин фармон, ки рӯзи 13-уми март дар сомонаи президенти Тоҷикистон нашр шуд, даъвати баҳории ҷавонон ба артиш аз моҳи апрел шурӯъ хоҳад шуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар вазифадор шудааст, ки барои муоинаи тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Даъват ба артиш бар асоси қонуни нав "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" сурат хоҳад гирифт, ки моҳе пеш ислоҳ шуд.

Дар даъватҳои гузашта ба артиш сокинон аз истифодаи зур ё "облава" шикоят доштанд. Бисёре аз сарбозон гуфтанд, ки онҳоро бо роҳи зур ба хидмат бурданд. Ҷалб нашудани писарони мансабдорон як сабаби норизоии сокинон хонда мешавад.

Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд.

Масъулони кафедраҳои ҳарбӣ ба донишҷӯён нархи намуди нави хидматро 28 ҳазор сомонӣ эълон кардаанд, вале як мусоҳиби Радиои Озодӣ дар яке аз комиссариатҳои ҳарбӣ гуфт, ҳоло ҳама мунтазири қарори ҳукумат дар ин бора ҳастанд.

Бино бар тағйироти воридшуда ба қонуни сарбозӣ, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.

Соле дар Тоҷикистон ду бор, яке баҳор ва дигаре тирамоҳ ҷавононро ба сафи артиш ҷалб мекунанд.

XS
SM
MD
LG