Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷикро, ки рӯзи якуми март дар 86-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи "Сариосиё"-и шаҳри Душанбе дафн карданд. Исфандиёр Ғуломов, бародари Фотима Ғуломова, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ ду рӯзи охир аз фишорбаландӣ азият мекашид".
Маросими видоъ бо Фотима Ғуломова рӯзи 2-юми март дар назди хонааш баргузор шуд. Чанде аз ҳамкорону ҳамсабақон аз хидматҳои ӯ барои рушди театру синамои тоҷик ёд оварданд.
Асалбек Назриев, ҳунарманди тоҷик, қариб панҷоҳ сол бо Фотима Ғуломова дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе кор кардааст. Ӯ гуфт: "Кӯдак доштанд ва метавонистанд, аз сафарҳои дарози ҳунарӣ даст кашанд, лекин мерафтанд. Худашонро қурбони ҳунар карданд. Маҳз ба хотири қурбони ҳунар будан ба дили тамошобин зуд роҳ ёфтанд."
Худи Ғуломова чаҳор сол пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, то охир дар саҳнаи театр буд ва фарзандонашро "бо нони театр бузург кард".
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Фотима Ғуломова тақрибан шаст сол дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор карда, дар даҳҳо намоишу филмҳои тоҷикӣ нақш бозидааст.
Ҳунарпешаи шинохта дар суҳбати чаҳор сол пеш бо Радиои Озодӣ театри Лоҳутиро хонаи дуюми худ гуфта буд: "Дар як ҳафта як бор ба театр меравам. Ба театре, ки қариб 60 сол умри худро додам, кор кардам. Ба ғайр аз ин театр, дар ҷое кор накардам ва фарзандҳоям дар паси пардаи ин театр калон шуданд. Зиндагии баде надоштам."
Пайвандону ҳамкоронаш гуфтанд, алоқамандии ӯ ба театру синамо то лаҳзаи охир канда нашуд. Исфандиёр Ғуломов, бародари Фотима Ғуломова мегӯяд, "аз он афсӯс мехӯрд, ки дигар имкони ба саҳна баромадан надорад ва аз вазъи феълии театр чандон розӣ набуд".
Баъзе аз дӯстонаш аз фаъолияти ӯ дар радио низ ёд карданд. Муртазо, як корманди собиқадори театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мегӯяд, "тамоми мардҳое, ки имрӯз синнашон аз 50 гузаштааст, апаи Фотимаро ҳамчун як барандаи хоби хурдтаракон, ҳамчун як мураббӣ, як дояи насли давраи Шӯравӣ мешинохтанд."
Фотима Ғуломова аз намояндагони насле буд, ки бо омаданашон дар театру санъати тоҷик таҳаввулоте эҷод шуд, вале танҳо дар бештар аз як моҳ се намояндааш -- Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов, Носир Ҳасанов ва, инак, Фотима Ғуломова -- дунёро тарк карданд.
Фотима Ғуломова чиҳил рӯз пас аз даргузашти шавҳари собиқаш, Ҳабибулло Абдураззоқов, фавтид. Шаҳбоз Абдураззоқов, писари Фотима Ғуломова, мегӯяд, ҳарчанд волидонаш 45 сол пеш аз якдигар ҷудо шуданд, модараш аз марги падари фарзандон ғам мехӯрд.
Аксҳо аз маросими видоъ бо Фотима Ғуломова: