Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қаландар" филми дигаре аз ҳаёти талху ширини муҳоҷирони кории тоҷик.ВИДЕО


Филми "Қаландар"

Синамогарони тоҷик ба мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ, ба вижа машаққатҳояшон дар аҳди бемории COVID-19 таваҷҷӯҳ кардаанд. Як хабарнигори собиқ дар бораи сарнавишти муҳоҷире дар замони пандемия мустанаде таҳия кардааст, дигарӣ мехоҳад, дар бораи гавҳорасозе филм бигирад, ки беморӣ корашро тағйир дода, ӯро тобутсоз мекунад.

Соҳибёри Толиб, корманди собиқи Радиои Тоҷикистон чанд соли ахир дар Русия дар Донишгоҳи ҳунар таҳсил мекунад ва ба филмсозӣ машғул аст. Ӯ дар доираи таҳсил як филми бадеӣ ба навор гирифта, ҳоло машғули таҳияи мустанад аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик аст. Дар филм сарнавишти як муҳоҷире ҳикоят мешавад, ки ба иллати хуруҷи COVID-19 дар Русия дармондааст.

"Қаландар" ва ё қиссаи муҳоҷири бандмонда дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Соҳибёри Толиб ба Радиои Озодӣ гуфт, Иброҳим, исми муҳоҷири тоҷик 40-сола аст, ки ба далели баста будани марзҳо наметавонад, ба ватан баргардад. Дар шароити карантин дар Русия кори муносибе ҳам пайдо намекунад: “Аслан, тибқи барномае мехостем, дар бораи зани муҳоҷире филм созем, вале хонумону бонувон нахостанд, назди дурбини филмбардорӣ худро нишон диҳанд. Сипас, қаҳрамоне бо номи Иброҳимро пайдо кардем ва наворбардории озмоишӣ муваффақ баромад. Хостем, тавассути ин мустанад ба мардум азиятҳои муҳоҷирони корӣ дар Русияро нишон диҳем”.

Таҳияи ин мустанад бо мусоидат ва машварати фаннии филмсози тоҷик Дилшод Авазов ва филмсози араб Зияд Байдун сурат гирифтааст. Соҳибёри Толиб мегӯяд, ки фасли тобистонро бо филмсози тоҷик Пайрав Шарифӣ наворбардорӣ ва тадвин карда, саҳнаҳои фасли зимистонро бо филмсози доғистонӣ Руслан Усмиханов наворбардорӣ кардааст.

Наворбардории мустанад тобистони соли гузашта ва зимистони имсол дар вилояти Ленингради Русия сурат гирифтааст. Ҳоло филмсозон мехоҳанд, зиндагии қаҳрамони мустанадро дар фасли баҳор ба навор гиранд. Аммо, Соҳибёри Толиб мегӯяд, ки дар интизори сармоягузор аст, зеро тими наворбардораш то ҳол ҳатто барои кори анҷомдодаашон ҳаққи заҳмат нагирифтаанд.

Коргардон мегӯяд, ки баъд аз анҷоми ҳамаи корҳои мустанад талош мекунад, филми “Қаландар” ба ҷашнвораҳои бузурги байналмиллалии синамо роҳ ёбад. Зеро, ба эътиқоди ӯ “мавзӯи мустанад сазовори ширкат дар ҷашнвораҳо мебошад”.

Масъулони киностудияи “Тоҷикфилм” низ қаблан эълон карданд, ки дар мавзӯи таъсири манфии COVID-19 филме мегиранд. Искандар Усмонов, коргардони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран ба “Тоҷикфилм” филмномаи сарнавишти муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дар шароити пандемияро пешниҳод кард. Ҳарчанд, филмнома ба роҳбарият хуш омадааст, аммо тасмим шудааст, ки он бояд коркард шавад.

Искандар Усмонов дар бораи муҳтавои филмномааш гуфт: “Дар ин филм аз сарнавишти муҳоҷири корие қисса мешавад, ки дар зодгоҳаш гаҳворасоз буд. Аммо, дар Русия дар шароити пандемия водор ба сохтани тобутҳо мешавад. Аммо, як тоҷиктаборе омада, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои тифлаш гаҳвора бисозад.

Ӯ дар коргоҳи тобутсозӣ ба сохтани гаҳвора шурӯъ мекунад, ки дар шароити пандемия бисёр рамзӣ аст”. Искандар Усмонов афзуд, ки худ низ дар шароити хуруҷи бемории COVID-19 дар Русия банд мондааст ва шахсан дар дафни шаш ҳамватанаш ширкат кардааст, ки аз ин беморӣ ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG