Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба хабарнигоронро дар Душанбе маҳкум кард. ВИДЕО


Зарбулати хабарнигорони Озодӣ дар Душанбе

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамла ба ду хабарнигори бахши тоҷикии радиоро дар Душанбе маҳкум кард. Ҳодиса рӯзи 4-уми март ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи болоравии нархи бензин дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Соро Ойл" рух дод.

Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Озодӣ, рӯзи 5-уми март дар изҳороте гуфт, "ҳамла ба ду хабарнигори мо дар Тоҷикистон, ки танҳо кори худро иҷро мекарданд, куллан ғайри қобили қабул аст."

Вай афзуд: "Интизор дорем, ки пулиси Тоҷикистон ҳодисаро пурра тафтиш мекунад ва замонат медиҳад, ки ҳаққи хабарнигорон барои гузориш додани ошкоро ва бидуни монеа ҳоло ва дар оянда риоят шавад."

Дар ҳамин ҳол, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми март ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, шахси ҳамлаварро дастгир карданд.

Гузориш аз 4-уми март: Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми таҳияи гузориш дар Душанбе

Ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, хабарнигорони Радиои Озодӣ – Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдуллоева – ҳадафи ҳамла ва зарбулат қарор гирифтанд.

Ҳодиса рӯзи 4-уми март дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе ва дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Соро Ойл" рух дод.

Хабарнигорон гуфтанд, дар ҳоле ки онҳо назари як ронандаро ба гарон шудани нархи газу бензин мепурсиданд, як корманди ширкати "Соро Ойл" қатъи наворгириро талаб кард ва наворбардор Шаҳло Абдуллоевaро базарб тела дода, пеши роҳи дурбини видеоро гирифт.

Дар ҳоле ки ҳамкори дигари мо, Муллораҷаб Юсуфӣ, аз ин амалкард эътироз намуда, хостааст, саҳнаро телефонӣ ба навор гирад, ин мард ҳамла намуд ва ба ҷоғи ӯ мушт зад.

Корманди нуқтаи сӯзишворӣ гуфтааст, бе ризояти роҳбарият хабанигорон ҳақ надоранд, идораи онҳо ва назарашонро забт кунанд.

Муллораҷаб Юсуфӣ гуфт, "дар аввал мо низ гапи ӯро пазируфтем ва нуқтаи сӯзишвориро ба навор нагирифтем. Чанд ронанда дар наздикии он буданд ва аз гаронии нархи бензин шикоят доштанд. Мехостем, бо онҳо суҳбат кунем, ки монеи мо шуданд. Мард ба ронанда низ хитоб кард, ки “мошинатро аз инҷо бар”.

Зарбулати хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00

Ташхиси пизишкон нишон дод, ки хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ аз ноҳияи чапи рӯй осеб дидааст. Пизишкон ба ӯ дастур додаанд, ки "бояд ду ҳафта табобат гирад".

Натиҷаи ташхис
Натиҷаи ташхис

Кормандони Радиои Озодӣ дар робита ба ин ҳодиса ба Вазорати корҳои дохилӣ шикоят карданд ва феълан маъмурони милисаи ноҳияи Сино ба таҳқиқ шуруъ кардаанд.

Дар гузашта низ чунин бархӯрд ба хабарнигорони Радиои Озодӣ борҳо рух додааст ва эътирози шадиди раҳбарияти радио ва муштариёни онро ба миён овардааст. Воқеаи охир мавриди тафтиши пулис қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG