Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши мақомоти Узбекистон ба таҳқиқоти "Бӯстонсарои махфии Мирзиёев"


Ширкати давлатии роҳи оҳани Узбекистон, ки номаш дар таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ бо номи "Бӯстонсарои махфии кӯҳистонии Шавкат Мирзиёев" зикр шуда буд, тамоми маълумоти матлабро "дуруғ ва беасос" номид.

Ин таҳқиқот 23 феврал нашр шуда, дар бораи бӯстонсарои бошукуҳе қисса мекунад, ки дар минтақаи ҳифозатшудаи захирагоҳи Угом-Чоткол, дар 100-километрии Тошканд бунёд ва роҳи он барои рафтуомади мардум баста шуда, нерӯҳои амниятӣ чанд километр дуртар аз маҳал бо ҳалқае амниятӣ гирди онро печондаанд.

Ширкати роҳи оҳани Узбекистон 24 феврал бо нашри изҳороте гуфтааст, дарае Шоввозсой, ки гуфта мешавад, "бӯстонсарои Мирзиёев" онҷо бунёд шудааст, соли 2010 барои "ҳифзи экосистемаи мавҷуд ба ин ширкат дода шудааст.

Дар изҳорот омадааст, ки ширкат дар давоми 10 соли ахир барои рушди зербиноӣ ва иншооти истироҳатӣ дар минтақа 495 миллиард сӯм (43 миллион доллар)-и пули ғайрибуҷавиро харҷ кардааст. Ба иттилои ширкат, дар ин минтақа ва истироҳатгоҳҳои дигари он 90 ҳазор нафар кор мекунанд.

Вале дар изҳорот ба як қатор суолҳо посух дода нашудааст. Аз ҷумла гуфта нашудааст, ки чаро вуруд ба ин минтақаи истироҳатӣ манъ аст.

Ҳамчунин дар рафти таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар наздикии осоишгоҳ обанбори наве сохта шудааст. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, бунёди ин обанбор низоми обёриро ба ҳам зада, бархе аз онҳо маҷбур шудаанд, ба ҷои дигар кӯчанд.

Масъули бунёди обанбор ширкати наздик ба ҳукумати Узбекистон аст ва обанбори Сардобаи ин кишварро, ки дар натиҷаи рахнашавии саддаш ҳазорҳо одам бехона монданд, маҳз ҳамин ширкат бунёд карда буд.

XS
SM
MD
LG