Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент қонуни нави артишро "барои ҳавасманд кардани шаҳрвандон ба хидмат" муҳим хонд


Хидмат дар артиши Тоҷикистон солҳои охир бо сабаби вуҷуди мушкилоти меҳтарсолориву хушунат ва ҳам марги сарбозон мавриди интиқод шудааст
Хидмат дар артиши Тоҷикистон солҳои охир бо сабаби вуҷуди мушкилоти меҳтарсолориву хушунат ва ҳам марги сарбозон мавриди интиқод шудааст

23 феврал дар Тоҷикистон 28-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишварро таҷлил мекунанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш аз шеваи нави хидмат дар артиши Тоҷикистон бар асоси қонуни нави хидмати низомӣ ёдовар шуд. Ӯ гуфт, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав "бо мақсади ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ" қабул шудааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: "Дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст". Президент аз мақомоти маҳаллӣ тақозо кард, ки барои ташкили босифати хидмат дар артиш талош варзанд.

Бар асоси қонуни нав, барои онҳое, ки намехоҳанд дар артиш ҳатман хидмат кунанд, имкони пардохти пули хидмат фароҳам мешавад.

Қонуни нав дар ҳоле қабул мешавад, ки шароити номуносиби хидмат, бадрафторӣ бо сарбозон ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии аксар намояндагони насли нав аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG