Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Бошқирдистон шаҳрванди Тоҷикистонро озод накард


Фурқат Абдуфаттоев
Фурқат Абдуфаттоев

Додгоҳи олии Бошқирдистон шикояти кассатсионии наздикони Фурқат Абдуфаттоевро баррасӣ кард ва бетағйир гузошт.

Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ки Қирғизистон дар кофтукови байналмилалӣ қарор додааст рӯзи 1-уми феврал боздошт кард. Ҷониби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоевро ба ширкат дар моҷароҳои марзӣ, ки санаи 13-уми марти соли 2019 рух додааст, айбдор мекунанд ва талаб дорад мақомоти Русия ӯро ба ин кишвар истирдод кунанд.

Латиф Абдуфаттоев бародари Фурқат Абдуфаттоев рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олии Бошқирдистон ба онҳо иҷозат надод, ки дар мурофеа, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор шуд, ширкат варзанд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо вакили мудофеъ ва муовини консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа дар мурофеа ҳузур доштанд ва наздикон аз онҳо огоҳ шуданд, ки ҳукми ҳабси пешакии Абдуфаттоев бетағйир мононда шуд ва ӯ то 2-уми март дар СИЗО мемонад. Додгоҳ пешниҳоди вакилон дар мавриди шартан озод кардани Абдуфаттоев то замони содир шудани ҳукми ниҳоиро ба инобат нагирифтааст. Якуми феврал додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон дар Русия ин шарҳванди Тоҷикистонро, ки Қирғизистон ӯро таҳти пайгард қарор дода хостори истирдодаш аст, дастгир карда, як моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҷониби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоевро ба ширкат дар моҷароҳои марзӣ, ки санаи 13-уми марти соли 2019 рух додааст, айбдор мекунанд.

Ҳол он ки, ба гуфтаи наздикони Фурқат Абдуфаттоев, ӯ дар рӯзҳои моҷаро дар шаҳри Новосибирски Русия қарор дошт ва танҳо 29-уми марти соли 2019 (баъди беш аз ду ҳафтаи моҷаро) ба Тоҷикистон рафт. Ба қавли онҳо, дар ин бора санад доштанд ва дар додгоҳ нишон доданд, "аммо додрас ба инобат нагирифт". Мақомоти интизомии Қирғизистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "иштирок дар беназмиҳои оммавӣ" ва "авбошӣ" айб эълон карда, Додгоҳи Бодканд 27-уми августи соли 2019 ҳукми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир намудааст.

Мақомот Тоҷикистон мегӯянд, Абдуфаттоев дар моҷарҳои марзӣ ширкат надошт ва Русия ӯро бояд озод кунад. Давлат Сафаров, сардори шуъбаи тафтишотӣ дар Додситонии вилояти Суғд, чанд рӯзе қабл зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, "Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворух, дар бетартибиҳои сарҳадии моҳи март ё апрели соли 2019 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон иштирок накардааст.". Ӯ афзуд, "Додситонии ҳарбии гарнизони Суғд маълумоти заруриро ба Русия фиристод ва айни замон масъалаи озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон баррасӣ мешавад."

XS
SM
MD
LG