Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон 5 тоҷикро расман ба узвият дар ДОИШ муттаҳам карданд


Пулиси Олмон ҳангоми ҷустуҷу дар як масҷиде дар шаҳри Ҳамбург.
Пулиси Олмон ҳангоми ҷустуҷу дар як масҷиде дар шаҳри Ҳамбург.

Додситонҳои Олмон рӯзи душанбе гуфтанд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро расман ба узвият дар гуруҳи ДОИШ ва фаъолият дар ҳалқаи ин созмон дар Олмон муттаҳам кардаанд.

Дар баёнияи Додситонии кулли Олмон, ки рӯзи 15-уми феврал нашр шуд, омадааст, ки додситонҳои федеролӣ парвандаро рӯзи 1-уми феврал ба додгоҳи шаҳри Дюсселдорф супурдаанд, ки моҳи гузашта дар инҷо як шарики ин панҷ нафарро бо гуноҳи узвият дар гуруҳи ДОИШ, таъсиси ҳалқаи созмон дар Олмон ва тарҳрезии ду ҳамла ба 7 соли зиндон маҳкум карданд.

Бар асоси муқарророти қонунии Олмон номи муттаҳамонро пурра ошкор накардаанд ва аз онҳо Фарҳодшоҳ К, Муҳаммадӣ Г. Сунаттулоҳ К, Азизҷон Б ва Комрон Б ном бурдаанд. Додситонҳо мегӯянд, ки Азизҷон Б шабакаҳои тарғиботии ақидаҳои ДОИШ ба забони русиву тоҷикиро таъсис дода ва барои ин созмон пул ҷамъ мекардааст.

Ба қавли додситонҳо, ин ҷавон ҳамчунин шахсан дар ҷалбу ҷазби аъзо ба ДОИШ ва боз кардани роҳ барои таъсиси ҳалқаи созмон дар соли 2019 кумак кардааст. Ба гуфтаи додситонҳо, ҳадафи ин гуруҳ, ки бо раҳбарони ДОИШ дар Сурияву Афғонистон иртибот доштааст, анҷоми ҳамла дар Олмон будааст.

Азизҷон ҳамчунин ба он муттаҳам мешавад, ки ба аъзои ҳалқаи “Хуросон”-и гуруҳи ба ном Давлати исломӣ пул мефиристод ва барои тарғиби ақидаҳои ифротии ин созмон замимаҳо ба забони тоҷикӣ сохтааст. Ҳамаи ин ҷавонон ҳамроҳ бо Равшани зиндонишуда дар моҳи гузашта узви ҳалқаи ДОИШ хонда шудаанд.

Дар баёнияи Додситонии кулли Олмон омадааст, ки ин ҷавонон бо бозии пейнтбол “маҳорати ҷангӣ” омӯхтаанд. Ба қавли муфаттишон, чанде аз онҳое, ки бо ҷавонони тоҷик бозӣ мекарданд, бо фарди мусаллаҳе робита доштаанд, ки моҳи ноябри соли гузашта 4 нафарро дар шаҳри Вена кушт. Додситонӣ ҳамчунин гуфтааст, ки онҳо баъзе аз таркибҳои бомби “ғайримаъмулӣ” кашфу мусодира кардаанд.

Дар идомаи баёния омадааст, ки Фарҳодшоҳ ва Равшан соли 2019 ба Албания сафар кардаанд, то бо қатли фармоишии як соҳибкори албанӣ 40 ҳазор доллар ба даст оварда, барои фаъолиятҳои Давлати исломӣ харҷ кунанд. Азбаски ҳуввияти соҳибкори албаниро дақиқ карда натавонистаанд, ин амалиётро анҷом надодаанд.

Муфаттишон ҳамчунин мегӯянд, ки Равшан ба Сунаттулоҳ як туфангча додааст, то як мардеро, ки дини исломро дар Ютуб танқид мекард, бикушад, вале мақомоти Олмон пеши роҳи ин ҷиноятро гирифтаанд. Баъди ин ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ин ҳалқаи ДОИШ стратегияи фаъолияташонро тағйир дода, ба ифротӣ кардани ҷавонони мусулмон дар Олмон ва ҷамъ кардани пул барои ДОИШ рӯ овардааст.

Соҳибназар Ғайратшо, сафири Тоҷикистон дар Олмон дар посухи катбие дар робита ба парвандаҳои шаҳрвандони кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз соли 2019 ин қазияро дар мадди назар доранд. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, “Ҳанӯз дар марҳалаи нахустини мурофиа сафорат ба муассисаҳои марбутаи Олмон тамос гирифта, омодагиашро барои расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дастгиршудагон бо рад кардани пешниҳод аз идораҳои Олмон исрор намуданд, ки ному насаби онҳо фош нагардад.”

Сафир навиштааст: “Узвият дар гуруҳҳои муташаккили террористӣ, нақзи қонун дар бораи бо худ гардонидани яроқ, омодагӣ ба ҷинояти вазнини хатарнок барои амнияти кишвар, нақзи қонун дар бораи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ иттиҳомоти асосӣ нисбати ин гурӯҳи ҷавонон ба ҳисоб мераванд.”

Дипломати тоҷик гуфтааст, сафорат аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ нигарон аст ва навиштааст: "Ҷавонон ба ин кишвари пешрафта ва пур аз имкониятҳои рушди фардӣ, мисли Олмон сафар карда маҳалли зиндагии худро ин ҷо қарор медиҳанд ва бар ивази таҳсилу касбомӯзӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, ифротӣ ва радикалӣ шуда, майли гаравидан ба ҷараёнҳои мамнуъро доранд.”

Соҳибназар Ғайратшо навиштааст, ки дипломатҳои тоҷик барои пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ “бо вазорату идораҳои Олмон ва доираҳои илмиву пажӯҳишӣ роҷеъ ба заминаҳо ва сабабҳои гаравидани ин гурӯҳ ва дурнамои тасмимҳои пешгирикунандаи ин кишвар мулоқотҳо анҷом дода, робитаҳои боз ҳам зичтар ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро бо диаспораи тоҷикони Олмон тақвият медиҳанд.”

Чаҳор нафар аз ин ҷавонони тоҷикро моҳи апрели соли гузашта ва як нафарашонро моҳи август дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG