Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон як ҷавони тоҷикро бо гуноҳи узвият дар ДОИШ 7 сол зиндонӣ кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Олмон як ҷавони 31-соларо аз Тоҷикистон бо гуноҳи узвият дар гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба ҳафт сол зиндон маҳкум кардааст. Хабаргузории "Associated Press" навишт, ки ҳукми Додгоҳи Дюсселдорф рӯзи 26-уми январ содир шуд. Аз ҷавон Равшан Б. ном бурдаанд, вале вокуниши расмии ӯ ва вакили мудофеаш ба қазия маълум нест.

Хабаргузории dpa-и Олмон мегӯяд, ин шаҳрванди Тоҷикистон пеш аз эълони ҳукм "қисман ба гуноҳ иқрор карда" ва гуфтааст, "аз ончи рух дод, сахт пушаймон аст". Қаблан додситон ба ӯ 8,5 соли маҳрумӣ аз озодӣ хоста буд.

Мақомоти Олмон гуфтанд, Равшан Б.-ро моҳи марти соли 2019 ва чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистонро баҳори соли 2020 дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфилия дастгир карданд.

Тоҷиконе, ки дар Олмон Равшан Б.-ро мешинохтанд, аз суҳбати бештар дар бораи ӯ худдорӣ варзида, танҳо ҳамин нуктаро гуфтанд, ки ӯ аз шаҳри Душанбест, аммо дар Русия муҳоҷир буд ва аз онҷо вориди Олмон шуд.

Ба навиштаи расонаҳои олмонӣ, санҷиши телефони мобилии Равшан Б. дар ду соли пеш нишон додааст, ки "ӯ бо мақомоти баландпояи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурияву Афғонистон дар тамос буд ва онҳо ӯву ҳамкоронашро барои анҷоми ҳамлаҳо дар Олмон ташвиқ кардаанд."

Маълум нест, Равшан Б. дар мурофиаи додгоҳӣ ин бахши парвандаро пазируфтааст ё не. Наздиконаш дар Тоҷикистон низ ба ин навиштаҳо вокуниш накардаанд. Аммо, бино бар маълумоти нашрияҳои олмонӣ, дар телефони Равшан Б. гурӯҳи дигари тамос ошкор шудааст, ки тарзи таҳияи бомба ва фармоиши васоили машкук тавассути Интернет, ба мисли "танзимгари фишори газ ва ширеши кафшерӣ"-ро машварат медод.

Нашрияи муътабари олмонии Der Spiegel дар таҳқиқи бештари қазия аз қавли муфаттишон моҳи апрели соли 2020 навишт, Равшан Б. моҳи январи соли 2019 аз шахсе, ки бо шумораи телефонии Шветсия занг зад, фармоиши куштори соҳибкореро дар Албания гирифтааст. Кушторе, ки аз ҷониби ин паноҳҷӯйи тоҷик дар Олмон 40 ҳазор доллар нархгузорӣ ва боиси сафар ба Албания шуд, аммо бо сабаби ин ки натавонистанд симои қурбониро дуруст бишиносанд, анҷом наёфт.

Нашрия мегӯяд, Равшан Б. нисфи пули подоши кушторро мехост, ба "бародарон" ва ё гурӯҳи ДОИШ дар Сурия фиристода, нисфи дигарашро “зоҳиран барои худ ва шариконаш дар Олмон” барои “нақшаҳои азим” нигаҳ бидорад.

Нашрияи олмонӣ мегӯяд, давоми тахминан якуним сол кумисюни вижаи иборат аз 20 узв ин қазияро таҳқиқ карда, ниҳоят ба хулосае омаданд, ки чаҳор шарики дигари Равшан Б. низ бояд боздошт шаванд.

Аз ин пеш дар Олмон як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави ДОИШ боздошт шуда буд. Тобистони соли 2016 мақомоти Олмон Маҳмадсаид Саидов, як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карда буданд. Додситонии федеролии Олмон он замон гуфта буд, ки Маҳмадсаид С. соли 2015 дар Раққаи Сурия дар сафи гурӯҳи тундрави "Далвати исломӣ" қарор доштаааст.

Аз соли 2015 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои паноҳҷӯйӣ ва кору иқомат ва таҳсил ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон рафтаанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, "Гуруҳи 24", хабарнигорону тоҷирон, ҳомиёни ҳуқуқ ва пайравони равияҳое ба монанди салафия низ ҳастанд.

Аксари ин афрод далели паноҳҷӯйӣ дар кишварҳои аврупоиро ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохта ба зидди онҳо рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG