Сокинони биное дар маркази шаҳри Хуҷанд талаб доранд, ки баннер ё овезаи пеши манзили зисти онҳоро канда, дар ҷойи дигар насб кунанд. Дар овеза акси бузурги президенти Тоҷикистон тасвир ёфтааст ва ба қавли сокинон тақрибан ворид шудани рушноиро ба бинои зисти баландошёна мегирад. Ин ҳол як сол боз идома доштааст. Мақомот ҳанӯз ба дархости сокинон вокуниш накардаанд.
Овезаи тарғиботиро дар маркази Хуҷанд мақомот дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи соли 2019 дар бинои истиқоматии канори "Маркази ҷавонон"-и навсозишуда барои ду ҳафта гузоштанд. Вале баъди он канданашро фаромӯш карданд.
Тилавиддин Аҳмадов ҳамроҳи ҳамсараш сокини яке аз ҳуҷраҳои паси баннер дар ин биност. Ӯ аз бемории фишорбаландӣ ранҷ мебарад. "Мо як соли дароз дар ин ҷо азоб кашидем. Кондитсионер кор карда наметавонад, ҳаво кашиданаш даркор. Дар айвон ҳаво нест. Дар ҳавои офтобӣ баннерашон бӯйи бад медиҳад, нафас кашидан намешавад. То кай азоб мекашем?" - мепурсад Аҳмадов.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Ӯ ва сарони чанд хонаводаи дигари ин бино бо номаҳое аз шаҳрдории Хуҷанд хостаанд, ки пеши роҳи ҳавои софу нури офтобро ба манзилҳои онҳо кушоянд. Тилавиддин Аҳмадов мегӯяд, "ҳозир рӯзи равшан, дар берун - офтоб. Аммо мо дар хона бо чароғ мешинем. Бинед, ҳозир чароғро мекушам, хона торик мешавад."
Муаллифони нома баъд аз як соли талош мегӯянд, эҳтимол мақомоти маҳаллӣ ҳеч гоҳ ба кандани овезае, ки дар он акси раҳбари давлат аст, иқдом нахоҳанд кард.
Ин сокинон дар номаи худ ба мақомот навиштаанд, онҳо низ раисҷумҳур ва сиёсати давлати худро дастгирӣ мекунанд, вале барои ҳифзи саломатии худу кӯдаконашон ва даромадани ҳавои тозаю нури офтоб ба хонаҳо, аз мақомот хоҳиш доранд овезаро аз рӯи ваъдаи худ аз пеши хонаҳои онҳо бигиранд ва дар бинои "Маркази ҷавонон" часпонанд.
Назари мақомот ба ин номаи сокинон ҳанӯз маълум нест.
Дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳрҳои Тоҷикистон лавҳаҳои бузурге бо тасвири раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зиёданд. Моҳи майи соли 2009 ӯ аз ин раванд шадидан интиқод карда, хостори барчидани ҳамаи аксу тасвирҳояш аз кӯчаву хиёбонҳо шуда буд. Вале баъдан дубора ин раванд оғоз гирифт ва вусъат ёфт.
Дар шаҳри Душанбе бештар деворҳои атрофи сохтмонҳои нав бо чунин лавҳаҳо пӯшонда мешаванд.
Дар ноҳияи Хуросон моҳи августи соли 2018 шаҳрванд Абдулҳами Таубов аз ҷумла барои ибораи он ки мардум аз сурати президент Каъба сохтаанд, ба як соли ҳабс маҳкум шуда буд.