Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 пизишки тоҷик аз коронавируси нав ҷон бохтаанд. ВИДЕО


Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар давраи пандемияи коронавирус 26 пизишк фавтида, гирифтории 18 нафари онҳо ба бемории COVID-19 тасдиқ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги даҳҳо табиби тоҷик бо нишонаҳои коронавирус ва илтиҳоби шуш хабар доданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, дар нишасти рӯзи 12-уми феврал бори аввал омори гирифторӣ ба коронавируси навро дар минтақаҳои Тоҷикистон ошкор кард. Вай гуфт, аз ҳама зиёд дар вилояти Суғд сирояти коронавирус сабт шудааст. Омори беморонро дар ин минтақа 4 ҳазор кас баршумурд.

Дар шаҳри Душанбе низ, ба иттилои ӯ, 4 ҳазор нафар ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд. Аз рӯи гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон ноҳияҳои тобеи марказ дар ҷойи севум, Хатлон дар ҷойи чаҳорум ва аз ҳама охир вилояти Бадахшон будааст.

Дар оғози пандемия хабарҳои нахустин аз фавти сокинон бо нишонаҳои коронавирус дар вилояти Суғд ба расонаҳо роҳ ёфта буд. Ҳарчанд мақомот ин хабарҳоро рад карда, ҳолатҳои марги шубҳаоварро аз илтиҳоби шуш мегуфтанд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрели соли гузашта, замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, то оғози имсол беш аз 13 ҳазор кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 кас ҷон бохтаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд.

Ҳоло мақомот пофишорӣ доранд, ки тайи тақрибан ду моҳи охир дар кишвар ягон мавриди сирояти бемормии ҳамагир сабт нашудааст, вале суолу шубҳаҳо дар ин замина ҳанӯз боқист.

XS
SM
MD
LG