Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон хоҳони дубора барқарор кардани сабукиҳо дар шароити пандемия шудаанд. Соли гузашта ҳукумат барои чанд моҳ ба бахши сайёҳӣ ва чанд соҳаи дигар сабукиҳои молиётӣ дода буд, ки муҳлаташ ба анҷом расид.
Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ширкатҳои сайёҳӣ аз онҳо хостаанд, сабукиҳо дубора барқарор шаванд. Ба қавли ӯ, таклифу дархости ширкатҳои сайёҳиро ба ҳукумат пешниҳод кардаанд ва ин масъала дар баррасии ҳукумат қарор дорад.
Ба гуфтаи масъулони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ин бахш соли гузашта бинобар пандемияи фарогири COVID-19, беш аз 170 миллион доллар зарар дидааст. Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, то паҳншавии коронавирус фоидаи бахши сайёҳӣ ба иқтисоди кишвар солона 230-250 миллион долларро ташкил медод, аммо соли гузашта ин омор то 72,6 миллион доллар кам шуд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ афзуд, дар шароити пандемия бекорӣ аз ҳисоби бахши сайёҳӣ бештар шуд. Бо ин вуҷуд ӯ таъкид кард, соли гузашта шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 224 адад расид, ки нисбат ба як соли пеш 22 адад зиёд мебошад.
Мақомоти Кумитаи рушди сайёҳӣ гуфтанд, соли гузашта 410 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд, ки назар ба соли қабл 909 ҳазор ё 69 дарсад кам шудааст. Аз ин шумора 350 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.