Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мардеро дар Ҳисор ба иттиҳоми таҷовузи ноболиғ дастгир кардаанд


Як сокини Ҳисорро бо иттиҳоми таҷовузи як писари ноболиғ боздошт кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳия гуфтанд, ки ҳодиса тақрибан 10 рӯз қабл дар Регар рух додааст. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ карданд.

Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор рӯзи 11-уми феврал дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба зидди ҷавоне, ки ба писари ноболиғе дастдарозӣ кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишотро додситонӣ идома медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин мард ҳоло дар боздошт қарор дорад.

Назари наздикони фарди муттаҳам ва низ ҷониби ҷабрдида дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест. Моҳҳои охир мавридҳои таҷовуз ба номус ва бадахлоқӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон зиёд расонаӣ мешавад. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар як соли охир 10 ҳолати бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон сабт шудааст ва ин рақам дар муқоиса ба омори соли 2019 як маврид зиёд аст.

Моҳе пеш як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раисҷумҳур ва раҳбарони ду палатаи порлумон хостанд, ки ҷазоро барои озори ҷинсии ноболиғон сахттар кунанд. Дар зери муроҷиатнома 54 созмону шахсони алоҳида имзо гузоштанд.

XS
SM
MD
LG