Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар Ҷайҳун. Як хонандаи мактаб ҷон бохта, се каси дигар маҷруҳ шудаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон як хонандаи мактаб ҷон бохта, се каси дигар маҷруҳ шудаанд.

Манобеи расмӣ дар вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қурбонии ҳодиса, Марям Қаландарзода, дар синфи дувум мехонд. "Дилноза Шарипова, Самад Сиддиқов ва Абдукарим Нуров низ хонандагони синфи дувум ҳастанд ва ҳоло дар бемористон қарор доранд. Вазъи ду нафар муътадил ва як кас дар шуъбаи эҳёгарӣ аст", -- иттилоъ дод манбаи огоҳ аз қазия.

Ҳодиса рӯзи 10-уми феврал ва ҳангоми аз мактаб ба хона рафтани кӯдакон рӯй додааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ҳодиса расман иттилоъ надода ва нагуфтааст, ки садама чӣ гуна рух дод, аммо манобеи огоҳ гуфтанд, "ду мошин ба ҳам бархӯрд".

Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун танҳо ҳаминро гуфтанд, ки ҳодиса дар ҷамоати Ваҳдати миллӣ рух додааст.

Баъзе аз мактабҳо дар наздикии роҳҳои мошингард ҷойгиранд ва кӯдакон баъд аз адои дарс якҷо ба хона мераванд. Маълум нест, дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҷайҳун чӣ гуна кӯдакон зери чархи мошин монданд.

Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон ва бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ садҳо садамаи нақлиётӣ сабт мешавад. Мақомот омори садамаҳоро дар соли 2020 ҳанӯз эълон накардаанд, вале ба иттилои расмӣ дар 11 моҳи соли гузашта ва танҳо дар вилояти Суд беш аз 230 садама рух додааст, ки дар натиҷаи он 124 кас ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG