Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуриддин Саид гуфт, мухолифи намоиши филмҳои туркист. Коргардон мегӯяд, далелеро намебинад


Саҳнае аз як филми туркӣ
Саҳнае аз як филми туркӣ

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, мухолифи намоиши силсилафилмҳои туркӣ аст ва далелашро ба таблиғи, ба қавли ӯ, "абарқудратҳо" рабт дод.

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон филмҳои туркиро намоиш намедиҳанд, аммо баъзе аз сокинони кишвар тавассути моҳвора аз шабакаҳои афғониву эронӣ мебинанд. Си-Дии филмҳои туркӣ низ дастрас аст. Баъзе аз ин филмҳоро бо тарҷумаи тоҷикӣ дар Ютуб гузоштаанд.

Раиси Кумитаи телевизион рӯзи 10-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "абарқудратҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ бо ҳар роҳ фарҳангу тарзи ҳаёт ва ҳаводиси таърихии худро, ки ба манфиати фарҳангу таъриху маданияти халқҳои майда нест, экспансия мекунанд."

Аз сӯи дигар, шабакаҳои Тоҷикистон силсилафилмҳои сохти Русияро бо забони асл намоиш медиҳанд ва мақомот дар ин амр изҳори нигароние накардаанд.

Нуриддин Саид
Нуриддин Саид

Ба бовари Нуриддин Саид, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон бояд филмҳои "худӣ"-ро бештар намоиш диҳанд, "то худогоҳии сокинон аз фарҳангу тамаддун ва таърих афзоиш ёбад".

Коршиносон "Тоҷикфилм" ва идораҳои дигари масъулро барои таҳия накардани филмҳои таърихиву диданӣ дар чанд соли охир танқид мекунанд. Намояндагони мухолифин мегӯянд, ин идора ба ҷойи истеҳсоли филмҳои бадеӣ ба таҳияи наворҳои бадномкунандаи мунтақидони ҳукумат ва ё таблиғи густардаи раиси ҷумҳур шуруъ кардааст, ҳарчанд мақомот онҳоро ҳуҷҷатӣ ва муҳим меноманд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз соҳибназарон мегӯянд, намоиши силсилафилмҳои туркӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон роиҷ шудааст ва барои манъи онҳо далелеро намебинанд.

Коргардони тоҷик Искандар Усмонов гуфт, "дар сериалҳои туркӣ ҳеч унсуреро барои манъи намоиши онҳо надидаам. Шояд ин амр бар пояи кадом як омили сиёсие гирифта шуда бошад. Аз сӯйи дигар, вақте манъ мекунанд, бояд худ ба ҷояш чизе пешниҳод кунанд."

Ӯ илова кард, ки шабакаҳои телевизионии "Сафина", "Тоҷикистон" ва "Синамо" зарфияти ба навор гирифтани сериалҳои тоҷикиро доранд, вале ниҳоде барои сабти филмҳо ҷиддан иқдом намекунад.

Саноати филмсозии Туркия солҳои охир хеле пешрафт карда, барои тамошобин саргузаштҳои гуногуни таърихиву тахайюлии фаровоне пешниҳод мекунад.

Маъруфияти ин филмҳо фаротар аз марзҳои ин кишвар паҳн шуда, Туркияро ба унвони истеҳсолкунандаи филмҳои пуртамошобини замонавии ҳам дархӯри ҷомеи мусалмонӣ ва ҳам демократӣ муаррифӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG