Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1,4 миллион сомонӣ ҷарима барои афзоиши нархи гази моеъ


Гази моеъ дар Тоҷикистон маъмулан ҳамчун сӯзишворӣ ва ҳам ошпазӣ истифода мешавад
Гази моеъ дар Тоҷикистон маъмулан ҳамчун сӯзишворӣ ва ҳам ошпазӣ истифода мешавад

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон соли гузашта воридкунандагонии гази моеъро барои беасос баланд кардани нархи сӯзишворӣ ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима бастааст. Раҳбари хадамот рӯзи 4-уми феврал дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, соли гузашта дар маҷмӯъ аз ҳисоби ҷаримаҳо ва дигар қонуншиканиҳо дар бозори маводи сӯхт, ба буҷаи кишвар 11 милион сомонӣ ворид шуд.

Тобистони соли гузашта танҳо дар як моҳ нархи маводи сӯхт 68 фойиз баланд рафт. Тафтиши хадамоти зиддиинҳисорӣ нишон дод, ки қимати сӯзишворӣ беасос боло бурда шудааст. Тибқи иттилои хадамот, айни замон як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш вобаста ба минтақа аз 4 то 4 сомониву 25 дирам нарх дорад. Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид карда мешавад. Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар соли 2020 - 15 ширкат ба ҷумҳурӣ беш аз 420 ҳазор тонна гази моеъро бо нархи миёнаи 422 доллар барои як тонна ворид кардаанд.

XS
SM
MD
LG