Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба ширкати дигаре барои мусофиркашӣ ба Тоҷикистон иҷозаи парвоз дод


Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд
Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

“Росавиатсия”–Идораи танзими парвози ҳавопаймоҳои мусофиркашонии Русия ба ширкати русии “Азур эйр” иҷоза додааст, ки дар масири “Иркутск- Хуҷанд” парвоз анҷом диҳад.

Парвозҳои мунтазам (регулярный) миёни Тоҷикистон ва Русия бинобар хуруҷи пандемияи короновирус аз 16- уми март инҷониб қатъ шудаанд ва танҳо парвозҳои чартерии яҷониба сурат мегиранд.

Бинобар муҷаввизе, ки “Росавиатсия” содир кардааст, ин ширкат ҳақ пайдо мекунад, ҳафтае ду маротиба миёни “Иркутск- Хуҷанд” парвоз анҷом диҳад.

Зиёдулло Шарипов, масъули оҷонсии “Авиатсияи граждании Тоҷикистон” рӯзи 7-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт “ҳоло дар ин бора хабар надоранд. Ин ширкат барои парвоз бояд ба ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубораз бо коронавирус муроҷиат кунад, баъдан мо сару кор мегирем”,--иброз дошт ӯ.

Шарипов афзуд, эҳтимол рӯзҳои наздик тавассути роҳҳои дипломатӣ маълумот дар бораи ин тасмими “Росавиатсия” ба онҳо мерасад. Ба гуфтаи ӯ, то оғози пандемия ширкати “Азур эйр” миёни Тоҷикистон ва Русия парвоз намекард.

Айни замон миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ амал мекунанд.

“Сомон эйр” ҳар рӯз аз шаҳрҳои Русия панҷ парвоз ба Душанбе анҷом медиҳад.

Ду ширкати Русия “Уралские авиалинии” ва “Ютейр” аз Тоҷикистон ба Русия мусофир мебаранд. Аммо ҳавопаймоҳо аз як ҷониб бе мусофир парвоз мекунанд ва ба иддаои маъумрияти ин ширктаҳо, аз ин рӯ нархи билет гарон аст.

Тоҷикистон ҳанӯз моҳи август ба ҷониби Русия изҳор дошта буд, ки омодааст бо риояи чораҳои беҳдоштӣ парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро барқарор кунад. Аммо ҷониби Русия то кунун бо ишора ба вазъи ногувори эпидемиологӣ барои аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам ризоият надода буд.

XS
SM
MD
LG