Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои бабри барфӣ дар Бадахшон мардумро "гунаҳкор" карданд. Сокинон розӣ нестанд


Дар Рӯшон бабреро дастгир карданд

Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон дар ҳамлаҳои бабри барфӣ ба чорвои мардум худи сокинонро гунаҳкор донистанд. Дар моҳи октябри соли 2020 бабри барфие дар ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон даҳҳо сар моли сокинонро кушт.

Убайдулло Акрамов, масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, сокинон чорворо ба минтақаи гаштугузори бабр мебаранд ва бо ин амалашон хашми ҷонвари нодирро меоранд. Сокинон мегӯянд, чунин натиҷагирӣ дуруст нест.

"Бабрҳо аз партовҳои чорво пайхас карда, ба маҳаллаҳо ҳуҷум мекунанд. Вақте чорворо ба ҳудуди гаштугузораш мебаранд ва экосистемаи бабрро вайрон мекунанд, маҷбур аст, ҳамла кунад. Бабр як чорворо мекушад, лекин вақте шумори зиёдро кушт, маънии онро дорад, ки ба ҳудуди ман ворид нашавед, хатар дорад", -- шарҳ дод ӯ.

Ислом Худойбердиев, сокини Бартанги ноҳияи Рӯшон дар ҳамлаи бабр ду чорвояшро аз даст дод. Вай рӯзи 2-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "чорворо ба кӯҳсорҳое мебарем, ки солҳо боз ҳамчун чарогоҳ аст." Баръакс, ба иддаои ӯ, "бабр ба макони нигоҳдории чорвои мардум ҳамла кардааст ва ин нигаронкунанда аст".

Радиои Озодӣ пештар дар бораи ҳамлаву боздошти бабри барфӣ дар ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузорише таҳия карда буд. Он замон Гулбек Хоҷаназаров, раиси созмони "Парчам" дар ноҳияи Рӯшон, ки ба нигаҳдории ҳайвоноти нодир машғул аст, гуфта буд, бо эҳтимоли зиёд ин бабр пир шудааст.

Ӯ гуфт, бабрҳои барфии ҷавон ҳеч гоҳ худро зери хатар гузошта, вориди маҳаллаҳои аҳолинишин намешаванд: "Вақте бабри барфӣ пир мешавад ва дигар бузҳои кӯҳӣ ё суғурҳои даштиро дошта наметавонад, аз паси бузҳои хонагӣ мешавад. Дар ин ҳолат, бабри барфӣ ҳатто дар чарогоҳ бузу гӯсфандро дошта наметавонад ва ба оғилҳо ҳуҷум мекунад."

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:

"Боздошт"-и бабре, ки ба чорвои сокинон дар Рӯшон ҳамла кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Дар Тоҷикистон бабри барфӣ ҷонвари нодир аст ва бар асоси қонун дар сурати ҳамла ба чорвои мардум низ набояд кушта шавад.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, баъд аз ҳамлаҳои батакрор, бабри барфиро дар Рӯшон боздошт карда, ба як маркази махсуси нигаҳдории ҳайвоноти маҷруҳ интиқол доданд. Бо гузашти се моҳ бабр ҳанӯз дар ин марказ нигоҳдорӣ мешавад.

Мақомот ва созмонҳои ҳифзи муҳити зист ваъда додаанд, ки дар сурати зинда дастгир кардан ва ба табиат раҳо додани бабри барфӣ, ҷуброни зарари расондаашро медиҳанд.

Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфтанд, дар ноҳияи Рӯшон бабр беш аз 40 чорворо кушта шудааст ва ба ҳар сари он ба соҳибонаш ҳамчун ҷуброн 300 сомонӣ доданд. Баъзе аз сокинон гуфтанд, ин маблағ кам аст, вале мақомот гуфтанд, дар доираи имкони молияшон чунин ҷуброн мепардозанд.

Дар соли 2019 дар ҳамлаи бабрҳои барфӣ бештар аз сад чорвои сокинони вилояти Бадахшон талаф ёфтанд. Маъмулан, ҳамлаи бабрҳои барфӣ дар охири тирамоҳ ва аввали баҳор сурат мегирад.

Дар Тоҷикистон бабри барфӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар қисмате аз вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Теъдоди онҳоро бештар аз 300 сар ҳисоб кардаанд. Ин ҳайвон дар рӯйхати ҷонварҳои нодир, ки танҳо дар 12 кишвари дунё мондаанд, ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG