Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

63 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соли 2020 шаҳрванди Русия шуд


Шаҳрвандии Русия бисёр тоҷикистониҳо ба хотири кору зиндагии қонунӣ дар ин кишвар дарёфт мекунанд
Шаҳрвандии Русия бисёр тоҷикистониҳо ба хотири кору зиндагии қонунӣ дар ин кишвар дарёфт мекунанд
Cоли гузашта, беш аз 656 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ шиносномаи Русияро гирифтаанд, ки ин рақам дар 15 соли ахир рекордӣ унвон мешавад. Аз ин шумора тақрибан 10 фоизашро зодагони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар соли гузашта бештар аз ҳама украиниҳо шаҳрвандии Русияро қабул карданд. Дар ҷоий дуввум тоҷикон будаанд. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта 63 ҳазору 400 нафар зодагони Тоҷикистон шиносномаи Русияро гирифтаанд. Аз соли 2019 Русия тақдими шаҳрвандии ин кишварро ба мутахассисони хориҷӣ осон кардааст. Агар пештар барои гирифтани шаҳрвандии Русия мутахассисонро зарур буд дар қаламрави он кишвар се сол зиндагӣ кунанд, ин муҳлат ба як сол поин оварда шуд. Шаҳрвандии Русияро бархе шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти кори беҳтар хуб медонанд, вале бархе мегӯянд, бо вуҷуди дарёфти шаҳрвандӣ дар ин кишвар «бегона» боқӣ хоҳӣ монд. Русияро барои муносибати нохубаш бо миллатҳои дигар интиқод мекунанд. Дар гузашта чанд чеҳраи шинохта, ба мисли Каромат Шарипов, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум ва ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд.
XS
SM
MD
LG