Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа паёмакҳо алайҳи як фаъоли мухолифинро "спам" номид ва гуфт, онро таҳқиқ доранд


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки масъалаи чӣ гуна фиристодани паёмакҳо алайҳи як фаъоли мухолифинро таҳқиқ доранд. Моҳи декабри соли гузашта барои садҳо нафар аз муштариёни бархе аз ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон паёмаки беобрукунанда алайҳи фаъоли мухолифин Муҳаммадиқболи Садриддин ирсол шуда буд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии кишвар ин масъаларо таҳқиқ доранд. Ӯ ин паёмакро "спам" номид ва таъкид кард, ки дар гузашта низ чунин ҳолатҳо пеш омада буд.

"Ин дар кишвар бори аввал нест. Агар ёдатон бошад, бо ду-се паёмак мутаассифона тамоми мардуми Тоҷикистонро ба берун бароварданд, ки заминларзаи пуршиддат мешавад. Бори дувум оид ба дорупошӣ қабл аз пандемия буд. Дар ҷараёни кор ба Шумо иттилоъ медиҳем",-афзуд ӯ.

Ирсоли пайванди наворе дар миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта аз як саҳифаи Ютуб ба садҳо муштарии ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон, ки дар он фаъоли мухолифини тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин интиқод мешуд, вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Бархе онро роҳи нави бадномкунӣ бо истифода аз паёмрасонҳои мобилӣ номиданд, ки бори аввал дар Тоҷикистон таҷриба мешавад.

Дар ин навор, мудири сомонаи "Ислоҳ" ва фаъоли мухолифин дар Аврупо, айбдор мешуд. Худи ӯ муҳтавои наворро рад кард ва онро туҳмат дар посух ба интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон номид.

Баъзе аз корбарон гуфтанд, барои онҳо ин навор ва шахсияти мавриди интиқод дар он ноошно буд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, эҳтимол ин кор дар ҳамоҳангӣ бо ширкатҳои мобилӣ сурат гирифтааст.

Он замон дар ширкатҳои “Тселл” ва “Бабилон” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо ба ягон муштарӣ чунин паём нафиристоданд ва онро "спам" ё ҳарзаномаи дастҷамъӣ номиданд.

Коршиносон ҳам он вақт гуфтанд, ки пайдо кардани фиристанда сахт аст, аммо агар лозим шавад, мақомот метавонанд онро пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG