Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди корманди "Имон интернешнл" парванда боз карданд. Мегӯяд, ки иттиҳом беасос аст


Идораи ТАҚХ "Имон интернешнл" дар шаҳри Хуҷанд
Идораи ТАҚХ "Имон интернешнл" дар шаҳри Хуҷанд

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон нисбати Шоҳрух Салиев, роҳбари собиқи ташкилоти қарзиву амонатии “Имон Интернешнл” дар шаҳри Душанбе бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, аллайҳи ӯ, аз ҷумла ба иттиҳомоти сохтакорӣ, ғайриқонунӣ додани қарз, сӯиистифода аз ваколат парванда оғоз шудааст. Шоҳрух Салиев аз соли 2012 дар мақоми роҳбари “Имон Интернешнл” дар Душанбе кор карда, ба гуфтаи мақомот соли 2015 ба сохтакорию сӯиистифода аз ваколат даст задааст. Худи Шоҳрух Салиев ҳоло дар озодист ва дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ нахост бо Радиои Озодӣ дар ин бора суҳбат кунад. Танҳо гуфт, ки аз роҳи ғайриқонунӣ ба касе қарз надодааст. Ҳуқуқшиноси “Имон Интернешнл” айбҳое, ки мақомот дар нисбати Салиев эълон карданд, беасос донист.

Парвандаи ӯ, пас аз шикояти як соҳибкори тоҷик оғоз шудааст, ки иддао дорад, чанд корманди “Имон Интернешнл” бо роҳи сохтакорӣ манзили ба гарав гузоштаашро фурӯхтаанд. Як корманди Оҷонсии мубориза бо фасод бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Шоҳрух Салиев тобистони соли гузашта боз шуда, ҳоло тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад. Ӯ гуфт, баъдӣ шикояти соҳибкор Бахтиёр Мамадтоҷиев нисбати Салиев ва чанде аз ҳамкоронаш таҳқиқ сар шуд. Мақомот дар бораи ҷузъиёти ин парвандаҳо маълумот намедиҳанд, вале қабул доранд, парванда дар ҳоле боз шудааст, ки қабл аз ин додгоҳ аз даъвои “Имон Интернешнл” зидди соҳибкор пуштибонӣ кард.

Соҳибкор Бахтиёр Мамадтоҷиев рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, соли 2017 баъди он ки “Имон Интернешнл” ба воситаи додгоҳ манзилашро гирифт, ӯ ба Оҷонсии мубориза бо коррупсия шикоят бурд. Ба нақли Мамадтоҷиев ӯ, соли 2013 аз “Имон Интернешнл” 30 ҳазор доллар қарз гирифта, хонаашро, ки 171 ҳазору 500 сомонӣ нархгузорӣ шудааст ба гарав гузоштааасст.

«Қарзро бо фоизҳояш сари вақт пардохт мекардам. Лекин соли 2015 чанд тан аз кормандони ташкилот бо роҳи сохтакорӣ аз номи ман 18 ҳазору 900 доллар ба муҳлати 38 моҳ бо 24 фоизи солона қарз гирифтаанд ва баъдан ба суд муроҷиат кардаанд, ки барои напардохтани ин қарз манзилам ба савдо гузошта шавад”,--афзуд Мамадтоҷиев.

Аммо ҳуқуқшиносони “Имон интернешнл” мегӯяд, кормандони ин ташкилот дар мавриди Мамадтоҷиев ҳеч кори ғайриқонунӣ накардаанд. Фазлиддин Орипов, яке аз ҳуқуқшиносони “Имон Интернешнл” ба Радиои Озодӣ гуфт, Мамадтоҷиев бо ҳарфҳои бепояаш талош дорад мақомотро гумроҳ кунад.

“Соли 2015 аз кормандони “Имон Интернешнл” хоҳиш мекунад, ки зураш ба пардохти қарз намерасад, ба ӯ имтиёз диҳанд. Муҳлати пардохти қарзи моҳҳонаашро дароз ва ҳаҷми онро кам мекунанд, лекин бо вуҷуди чунин сабукиҳо дар пардохти қарз таъхиркорӣ кард. Соли 2017 зидди ӯ ба додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурдем, ки он замон қарзи вай бештар аз 20 ҳазор долларро ташкил медод. Дар ин байн як қисми қарзро пардохт кард ва соли 2018 замоне, ки манзилаш бо бештар аз 180 ҳазор сомонӣ фурӯхта шуд, қарзаш зиёдтар аз 80 ҳазор сомониро ташкил медод”,--афзуд, Фазлиддин Орипов.

Мамадтоҷиев қарори Додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро дар мавриди ба фоидаи “Имон Интернешнл” гузаронидани манзили зисташ беасос меҳисобад. Мегӯяд, додрас бидуни ширкати ӯ дар мурофиаҳои додгоҳӣ, даъвои “Имон Интернешнл”-ро якҷониба баҳо дода, қонеъ кардааст.

Аммо Сурайё Ниёззода, додраси парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Мамадтоҷиев аз оғози мурофиаҳо огоҳӣ дошт ва ҳамсару модараш ба ҷои ӯ омада ширкат мекардаанд. Мамадтоҷиев мегӯяд, замони мурофиаҳои додгоҳӣ дар хориҷ аз кишвар буд ва додрас бо шитоб, бидуни баррасии ҷиддӣ даъворо қонеъ кардааст. Иддаое, ки додрас рад мекунад ва таъкид кард, ки “ҳукм дар доираи қонун содир шудааст”.

Соҳибкори тоҷик мегӯяд, расидҳои бонкӣ ва асноди дигаре дар даст дорад, ки агар мақомот бетарафона таҳлил кунанд, қарздор набуданаш назди “Имон Интернешн” ва ғайриқонунӣ будани қарори додгоҳ исбот хоҳад шуд. Дар ташкилоти “Имон Интернешнл” гуфтанд, онҳо омодаанд бо далелҳои дар даст доштаашон посух диҳанд, ки шикояти соҳибкор беасос аст.

Манзили аздастрафтаи ин соҳибкор дуошёна буда, дар ноҳияи Рӯдакӣ аст. Бино ба арзёбии Мамадтоҷиев айни ҳол ҳол хонааш беш аз 100 ҳазор доллар нарх дорад, вале дар соли 2017 онро маблағи андаке баш аз 17 ҳазор доллар фурӯхтаанд. Мегӯяд, маблағеро, ки аз ҳисоби соҳибкорияш ҷамъ карда буд, дар сохтмони манзил харҷ карда буд ва ҳоло барои бозгардони он сарсон асту кори тиҷораташ ҳам ба ҳам зад.

Мамадтоҷиев чанд сол боз дар бозори “Корвон” ба тиҷорати сарулибос машғул будааст. Ӯ мегӯяд, се сол аст, ба Дастгоҳи президент, Додситонии кул нома менависад, то дар ҳалли мушкилаш мусоидат кунанд. Дар посух ин ниҳодҳо мақомоти зинаи поёниро муваззаф мекунанд, ки ба мушкилаш расидагӣ кунанд.

Ин соҳибкор мегӯяд, хонаи дар бонк гаравгузоштаи ӯро фарзанди яке аз як мақомдорони додситонӣ харидааст. Аз ин рӯ, тахмин мекунад, ки ин корманди додситонӣ бо истифода аз нуфузаш монеи баррасии одилонаи қазия шудааст. Ӯро қарори ахири Оҷонсии мубориза бо фасод барои дубора бозпас гирифтани манзилаш умедвор кардааст. Оҷонсии мубориза бо коррупсия рӯзи 20-уми январи соли равон бо ирсоли як санад ба Корхонаи давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" аз ин идора хоҳиш намудааст, ки ба тамоми амалиётҳои ҳуҷҷатгузории манзили соҳибкор то анҷоми тафтиши парванда маҳдудият гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG