Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз интиқоди президент... бонкҳо занони коргар меҷӯянд


Пас аз интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон аз дағалрафтории мардон ва таъкидаш барои ҷалби занон ба кор, бонкҳои Тоҷикистон яке пайи дигар ба ҷустуҷӯи занони коргар пардохтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта ҳангоми мулоқот бо соҳибкорон дар Душанбе аз сифати хидматрасонии бонкҳо дар Тоҷикистон интиқод кард. Ӯ ба роҳбарони бонкҳои кишвар, ки дар миёнаи толор рост ва бо сари хам истода буданд, таъкид кард, бештар бонувонро ба кор бигиранд. Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, маҳаки асосии интихоби коргар дар бонкҳо, бояд ҳирфаӣ будани онҳо бошад, на ҷинс.

Коршиносон мегӯянд, ки ягона критерияи интихоб дар бонкҳо бояд тахассусмандии корманд бошад, на ин, ки ҷинси коргар.

Бонки давлатии "Амонатбонк", ки яке аз бонкҳои бузурги кишвар ба шумор меравад, танҳо дар соли равон шумораи занони коргарро дар марказҳои хидматрасонӣ 30 дар сад бештар кардааст.

Сайфулло Салимов, масъули робита бо ҷомеаи "Амонатбонк", рӯзи 18-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Амонатбонк" дар тамоми қаламрави кишвар 545 маркази хидматрасонӣ дорад, ки "29 дар сади кормандони ин марказҳо занонанд".

"Танҳо имсол шумораи кормандони зан дар марказҳои хидматрасонӣ 54 нафар зиёд шуд. Дар муқоиса бо соли гузашта аз ҷамъи кормандони зан 30 дар сад афзудааст", - гуфт Салимов.

Бонки давлатии "Амонатбонк" масъули пардохти маоши кормандони буҷетӣ ва нафақаи бознишастагон аст ва аз ин рӯ дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон шӯъбаҳои он фаъоланд.

Дар ҳамин ҳол, дар баъзе аз дигар ташкилоту муассисаҳои молӣ мегӯянд, онҳо ҳавасманди ҷалби коргарон аз ҳисоби занон ҳастанд, аммо ба камбуди мутахассисони зан дар соҳаи бонкдорӣ ва молия дучор мешаванд.

"На дар ҳама ҷо занони мутахассиси бонк ёфт мешавад"

Саодат Ғиёсова, масъули идораи кор бо кадрҳои "Имон Интернешнл" -- яке аз созмонҳои қарзии пештоз дар бозори Тоҷикистон мегӯяд, 38 дар сади кулли коргарони ташкилот занон ҳастанд ва дар баъзе аз филиалҳо шумораи занон аз 50 фисад бештар аст. "Масалан, дар намояндагиҳои мо дар Конибодом шумораи коргарони зан 51 дар сад аст", - афзуд ӯ.

Ғиёсова мегӯяд, ҳангоми интихоби коргарон дар озмуни боз ба ҳама довталабон новобаста ба ҷинс шароити баробар фароҳам мекунанд, аммо дар на дар ҳама минтақаҳо аз ҳисоби занон мутахассиси бонк ёфт мешавад.

"Мо камбуди мутахассисонро аз ҳисоби занон эҳсос мекунем. Чунки аксар донишҷӯёни факултаҳои молия ва кори бонкӣ писарон ҳастанд. Аз сӯи дигар, бисёре аз духтарон ҳангоми таҳсил ба шавҳар баромада, фарзанд ба дунё меоранд ва ҳамин хел хонанишин мешаванд", - афзуд ӯ.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар робита ба кори бонкҳо гуфт, бархе аз мардон дар хазинаҳои бонкҳо кор карда, садҳо ҳазор сомониро ба яғмо бурдаанд. Саодат Ғиёсова дар робита ба ин ишораи президент гуфт, воқеан дар урфият мегӯянд, занон дар иҷрои вазифаҳо ва нигоҳ доштани амонатҳо содиқтаранд.

"Аммо ҳама кормандони мо дар ташкилот, новобаста ба мард ва зан будан, вазифаи худро хуб иҷро мекунанд. Мо коргаронамонро гулчин карда, интихоб мекунем ва ман наметавонам гӯям, ки занон нисбат ба мардон хуб кор мекунанд ва ё баръакс мардон", - гуфт ӯ.

"Меъёр тахассус аст, на ҷинси коргар"

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ягона меъёри интихоб дар бонкҳо бояд ҳирфаӣ будани корманд бошад, на инки ҷинси коргар.

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик.
Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик.

Ӯ гуфт, "албатта, ҳангоми интихоби коргар дар бонкҳо занону бонувоне, ки донишманданд ва тахассус доранд, набояд сарфи назар шаванд. Аммо бо ин шарт, ки фалон қадар зан дар бонкҳо ба кор гирифта шаванд, кори бонк пеш намеравад. Фаъолият кардан дар бонк кори саҳл нест. Бонк ҳисобу китоб дорад, дақиқкориро талаб мекунад. Саҳл нест ва ҳар кас аз ӯҳдаи он намебарояд. Бинобар ин, дар бонк критерияи асосӣ ва ягонаи кадрҳо бояд тахассумандӣ бошад".

Собиров гуфт, кори корманди бонк гоҳе бо моҷаро ва баҳсу кашмакаш бо қарздорон ҳамроҳ аст ва корманди бонк бояд дар ҳама ҳолат манфиати бонкро ҳимоят карда тавонад. "Занон маъмулан меҳрубону дилсӯзанд ва дар миёни чунин баҳсҳо кор кардани онҳо шояд гоҳе барояшон мушкил шавад", - афзуд Масъуд Собиров

Собиров бо ишора ба бӯҳронӣ шудани вазъи чанде аз бонкҳо гуфт, маҳз мудирияти нодуруст бонкҳоро ба ин вазъ расондааст. "Аз ҷумла ду бонки бузурги кишварамон "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" ҳайф шуданд ва аз ин таҷриба мо бояд сабақ бигирем, на инки хатоҳои кӯҳнаро такрор кунем", - хулоса кард ӯ.

XS
SM
MD
LG