Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои тоҷирони маркази "Суғдиён" бо раҳбарият. Кӣ ҳақ аст? ВИДЕО


Тоҷирони "Суғдиён" аз чӣ норозиянд?

Як гуруҳ аз соҳибкорон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят карданд, ки соҳиби Маркази савдои "Суғдиён" бар хилофи шартнома аз онҳо пул талаб мекунад. Ҷониби дигари баҳс мегӯяд, гап дар бораи хароҷот ва ободу зебо кардани бозор меравад.

Тоҷирон эътироз мекунанд, ки маблағи изофӣ дар ҳоле ситонда мешавад, ки тибқи шартнома ҳар моҳ аз 500 то 700 сомонӣ ҳаққи иҷора медиҳанд.

Зебуннисо Ҷабборова, яке аз тоҷирон, гуфт, "барои як дӯкон 15 ҳазору 360 сомонӣ ва барои дӯкони дигар 14 ҳазору 80 сомонӣ гирифтанд. Дар вақташ "контейнер" доштем, гуфтанд, дӯкон сохта медиҳем. Мо ду сол барои сохтмон пули калон додем, вале ҳоло мегӯянд, ҳар сол медиҳед."

Шаҳноза Раҳимова, тоҷири дигар афзуд: "Аксарият аз бонк қарз гирифтаанд. Ман барои ду дӯкон 28 ҳазору 160 сомонӣ бояд супорам. 10 ҳазор сомонӣ қарз гирифта додам, дигар пул надорам."

Ба гуфтаи соҳибкорон, тарафҳо дар соли 2019 ба созиш расида буданд, ки Маркази тиҷоратии "Суғдиён" аз ҳисоби худ бозорро аз нав месозад ва онҳо дар ин муддат харҷи бозсозиро мепардозанд. Ду сол гузашт, вале ба гуфтаи онҳо ҳоло ҳам пардохти иловагӣ идома дорад.

Раиси Маркази тиҷоратии "Суғдиён" ин иддаоро рад кард ва гуфт, "барои сохтмон, азнавсозӣ ва ё корҳои дигар дар алоҳидагӣ аз тоҷирон маблағ гирифта нашудааст."

Тоҳир Ғафуров гуфт: "Аз ҷониби муассис қарор қабул карда шуд, ки аз ягон кас ягон миқдор маблағ гирифта намешавад ва мо бо маблағҳои худ, гирифтани қарз аз бонк корҳои сохтмониро оғоз мекунем."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Баҳси тоҷирони маркази "Суғдиён" бо раҳбарият. Кӣ ҳақ аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00

Вале ба гуфтаи тоҷирон, дар пардохтҳо назму тартиб ва мувофиқат бо шартномаҳо нест. Раъно Атохонова, яке аз тоҷирон иддао кард, ки "се бор 15 ҳазору 360 сомонӣ гирифтанд ва боз ҳар моҳ 700 сомонӣ медиҳем. Дар аввал гуфтанд, то ду сол барои сохтмон кумак кунед, тамом. Ҳоло мегӯянд, то замоне инҷо ҳастед, ҳар сол чунин маблағ месупоред, нахоҳед, ҷойро холӣ кунед."

Дар посух моликони бозор мегӯянд, нархи иҷора бо назардошти ҳамаи хароҷот ва вобаста ба ҷойгиршавии нуқтаҳои савдо муайян шудааст. Дар баъзе аз нуқтаҳои савдо, ки харидор хеле кам аст, нархи иҷора аз 10 то 12 сомонӣ ва дигар гӯшаҳои дигар аз 100 то 130 сомонӣ таъин шудааст.

Тоҳир Ғафуров, раиси Маркази тиҷоратии “Суғдиён” мегӯяд, “он пуле, ки тоҷирон медиҳанд, қисми иҷорапулӣ барои як сол аст. Ин ба андозаи 50-60 дарсади иҷорапулӣ аст, ки бояд онҳо бидиҳанд.”

Бозори "Суғдиён"
Бозори "Суғдиён"

Фурӯшандагон нигаронанд, ки дар ҳолати надодани ин маблағҳо, мумкин аст, аз ҷойҳое, ки ҳанӯз пеш аз ин шартнома ба онҳо тааллуқ доштанд, маҳрум шаванд. Онҳо ҳамчунин аз варшикастагӣ ба иллати ҳамагирии COVID-19 ва баста будани марзҳову банд мондани молашон дар ҳарос буда, мехоҳанд, пардохти иловагӣ барҳам дода шавад.

Дар Маркази тиҷоратии “Суғдиён” ҳудуди 350 дӯкон мавҷуд аст ва, ба иддаои тоҷирон, ним соли охир савдо бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG