Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден Амрикоро ба Паймони иқлимии Порис бозгардонд ва фармони Трамп дар бораи муҳоҷиронро бекор кард 


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми январ дар нахустин соатҳои пас аз савганд ёд кардан, 17 фармон имзо кард. Тибқи ин фармонҳо, аз ҷумла Амрико ба Паймони иқлимии Порис бармегардад ва фармони маҳдудияти сафари шаҳрвандони бархе аз кишварҳо, ки Доналд Трамп онро имзо карда буд, бекор мешавад. Гуфта мешавад, ки 9 фармони имзошуда аз сӯи Байден, барои "тағйир"-и тасмимҳои ҳукумати гузаштаи Амрико будааст.

Раиси ҷумҳури Амрико пеш аз имзои ин фармонҳо, ҳангоми суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ гуфт, ки бо ин иқдомҳо "мо иттиҳоди худро бозсозӣ ва бори дигар бо ҷаҳон таъомул хоҳем кард".

Ҷо Байден рӯзи чаҳоршанбе дар маросиме ба унвони чиҳилушашумин раиси ҷумҳури Амрико савганд ёд кард ва расман зимоми умуро ба даст гирифт.

Нахустин фармон, ки Байден имзо кард, дастури истифода аз ниқоби тиббӣ дар ҳама биноҳои давлатӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мебошад. Дуввумин фармони Ҷо Байден, дар бораи баробарии нажодӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои маҳруми ҷомеа аст.

Ҷо Байден ҳамчунин севумин фармони худ -- дастури бозгашти Амрико ба Паймони иқлимии Порисро имзо кард. Амрико дар соли 2017 бо фармони Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико, аз ин паймон хориҷ шуда буд.

Паймони иқлимии Порис бо талоши ҳукумати Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико ва бо ҳузури намояндагони 196 кишвар имзо шуда буд. Ин паймон барои кам кардани гармоиши замин ба имзо расид.

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин фармони бекор кардани маҳдудиятҳои "муҳоҷиратӣ" барои шаҳрвандони чанд кишварро имзо кард. Фармони эҷоди маҳдудиятҳо барои сафар ва муҳоҷират аз чанд кишвари мусалмон ба Амрикоро Доналд Трамп содир кард ва ӯ ҳадаф аз онро пешгирӣ аз вуруди "террористҳои исломгаро" ба ИМА гуфта буд.

Дар ин феҳрист номи Эрон, Ироқ, Сурия, Яман, Либия, Судон ва Сомалия дида мешуд. Оқои Трамп баъдан Ироқ ва Судонро аз ин феҳрист берун кард. Аммо ӯ баъдан кишварҳои Чад, Кореяи Шимолӣ ва Венесуэларо ба ин феҳрист ворид кард. Ин фармон дар дохили Амрико мухолифатҳои зиёдеро барангехт.

Ба гуфтаи сухангӯи Кохи Сафед, раиси ҷумҳури Амрико фармони бозгашти Амрико ба Созмони ҷаҳонии тандурустиро низ имзо кардааст.

Ҷо Байден ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи Сафед ба таври онлайнӣ маросими адои савганди даҳҳо нафар аз мақомҳои сиёсии нави ин кишварро, ки таъйини онҳо ниёзманди таъйиди Сенат набуд, баргузор кард.

XS
SM
MD
LG