Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден кист? ВИДЕО


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷозеф Робинетт Байдени хурдӣ соли 1942 дар шаҳри Скрантони Пенсилвания дар оилаи католикҳои румии миёнаҳол ба дунё омадааст. Ин хонадон ҳарчанд рӯзгори осоишта дошт, пас аз як қатор нокомиҳо бо мушкилоти молӣ дастбагиребон буд.

Видеоро ин ҷо бубинед.

Ҷо Байден кист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:51 0:00

Ба зудӣ оила ба шаҳри Вилмингтони иёлати Делавэр кӯчид ва падари Ҷо -- писари калонии оилае, ки дар он чаҳор фарзанд ба воя мерасид, дар тиҷорати мошин комёб гашта, хонавода сарватманд шуд.

Ҷо дар мактаби миёнаи католикӣ бо футбол ва бейсбол машғул мегашт ва дар ду соли поёнии таҳсил, бо вуҷуди камрангияш дар таҳсил, раиси синф буд. Сипас ӯ дар Донишгоҳи Делавэр хонд ва дараҷаи худро дар илми ҳуқуқ дар Донишгоҳи Сиракузи иёлати Ню-Йорк ба даст овард.

Байден бори аввал соли 1966 бо Нилия Ҳантер, шарикдарсаш дар Донишгоҳи Сиракуз хонадор шуд ва баъдтар онҳо ба Делавэр кӯчиданд. Дар ин ҷо Байден имтиҳон супорид ва парвонаи кор ҳамчун адвокатро ба даст овард. Оила дар ин байн соҳиби се фарзанд шуд. Нилия ва духтари яксолаи онҳо дар садамаи автомобилӣ ҳангоми харидҳои солинавӣ ба ҳалокат расиданд.

Ин дар ҳоле буд, ки Байдени он замон 29-сола бори аввал сенатор интихоб шуд. Вай дар соли 1972 шашумин ҷавонтарин сенатори Амрико шуда буд. Духтари яксолаи Байден Наомӣ ҳалок шуд, писаронаш Ҳантер ва Бию маҷруҳ шуда бошанд ҳам, зинда монданд.

Бию дар соли 2015 дар синни 45 аз саратони мағз фавтид. Ҳантер, ки ҳоло 50 сол дорад, даҳсолаҳо бо мушкили шароб ва маводи мухаддир гирифтор буд. Вай ҳамҷунин дар солҳои 2014-19 дар шӯрои ширкати энержии Украина мақоми сердаромаде дошт, ки ӯро ба ҳадафи ҳамлаи тарафдорони Трамп дар корзори интихоботӣ табдил дод.

Байден гуфтааст, баъд аз он садама кам монда буд, ки кори худро дар Сенати Амрико тарк кунад ва ба нигоҳубини фарзандонаш машғул шавад, аммо ҳамкоронаш ӯро қаноат доданд, ки ин кори дуруст нест.

Барои бо фарзандон будан ӯ маҷбур буд, ҳар рӯз бо қатори роҳи оҳан аз Делавэр ба Вашингтон сафари 90-дақиқаӣ анҷом диҳад ва ба ин сабаб лақаби Ҷои Амтракро гирифт (Амтрак – ширкати роҳи оҳани ИМА). Рафтуомади ҳаррӯза оқибат ба сиёсати ӯ низ таъсир дошт. Байден ҷонибдори нақлиёти роҳи оҳан шуд ва дар доираи маъракаи соли 2020 ба "инқилоби роҳи оҳан" даъват кард, ки ба гуфтаи вай метавонад бо тағйирёбии иқлим мубориза бурда, ба синфи коргар, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекунад, мадад расонад.

Байден дар овони ҷавонӣ аз гирифтани забон ё тутулагӣ ранҷ мебурд, ки боиси масхараи ҳамсинфонаш мешуд. Ҳоло ҳам гоҳе ин беморӣ аз худ хабар медиҳад. Дар давоми сабқати 2020 рақибон ин хислати ӯро дар якҷоягӣ бо пиронсолияш далел меоварданд, ки оё саломатии равонӣ барои президент буданро дорад.

Аммо дар тӯли ин 35 сол ӯ ҳеҷ гоҳ ягон интихоботи сенатро набохтааст. Байден тавонист бар монеаи худ пирӯз гардад, ба он тоб оварад. Вай соли 1988 дар 46-солагӣ ва бори дигар дар соли 2008 ба мақоми президентӣ номзади демократҳо шуд, аммо аз ҷониби рақибони дигари ҳамҳизбияш мағлуб ва аз ҳарду сабқат дар марҳалаҳои аввал хориҷ шуд. Акнун чунин ба назар мерасад, ки мехоҳад талошҳои нокоми гузаштаро ҷуброн кунад.
Дар аввал, чунин ба назар мерасид, ки ин бор ҳам ӯро натиҷаи мушобеҳ интизор аст.

РОҲ БА НОМЗАДӢ

Байден иштироки худро дар сабқати президентӣ моҳи апрели соли 2019 эълон кард. Дар тӯли чанд моҳ ӯ ҷуръат накард ба ин иқдом даст занад ва танҳо дар ҳоле вориди корзор шуд, ки даҳҳо номзади дигар аз сабқат хориҷ шуданд. Онҳо аксаран ҷавонтар, либералтар ва чапгаро буданд ва дар сиёсат нисбат ба Ҷо Байден таҷрибаи хеле камтар доштад.

Байден дар бораи худ ҳамчун рамзи субот дар кишвар сухан гуфт, ки ба гуфтаи ӯ, дар се соли ҳукмронии Трамп ба "майдони ҷанг" табдил ёфтааст. Вай изҳор дошт, ки Трамп ҷомеаро бар сари нажодпарастӣ ва муҳоҷират тақсим карда, ба "арзишҳои асосии кишварамон, мавқеи мо дар ҷаҳон, низоми демократии мо" таҳдид кардааст.

Ҷо Байден бо Барак Обама
Ҷо Байден бо Барак Обама

Байден дар номзадии худ гуфт: "Мо барои рӯҳи мардуми худ мубориза мебарем." Ба гуфтаи ӯ, агар ба Трамп иҷозат дода шавад, ки чаҳор соли дигар дар қудрат монад, вай "хислати мардуми мо, буду шуди моро абадан дигар хоҳад кард ва ман наметавонам дар канор истода, инро оромона тамошо кунам."

Аммо, тибқи пурсишҳо, ӯ дар пасманзари дигар номзадҳои эҳтимолии демократӣ фарқ накардааст - ин дафъа хеле гуногун: дар байни онҳо занони африқоӣ ва ҳинду, ҳамҷинсгароёни ошкоро ва сотсиалист буданд - ва Байден бояд аз оғози соли 2020 барои пешбарӣ ба таври ҷиддӣ мубориза мебурд.

Дар нахустин праймеризҳо ё санҷишҳои аввалияи моҳи феврал Байден натиҷаҳои бесамар нишон дод. Дар он замон, ҷавонони демократ ба номзадҳои либералӣ, ба монанди Бернӣ Сандерс ва Элизабет Уоррен, ки онҳо ҳам синнашон аз 70 гузаштааст, ё ҷавонтар ва мӯътадилтарро афзал медонистанд.

Танҳо то охири моҳи феврал Байден аввалин ғалабаи худро дар Каролинаи Ҷанубӣ ба даст овард, асосан ба шарофати дастгирии амрикоиҳои африқоиасл. Дере нагузашта, номзадҳои мӯътадил аз сабқат даст кашиданд, ё имкони номзадии демократро ба қадри кофӣ баланд надоштанд ё метарсиданд, ки агар Сандерс пешбарӣ шавад, вай дар интихоботи моҳи ноябр аз тарафи Трамп мағлуб хоҳад гашт.

Берун рафтани номзадҳои муътадил роҳро ба Байден тоза кард: вай ба зудӣ аз Сандерс пеш гузашт ва моҳи июн расман аз Ҳизби Демократ ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд. Пирӯзии Байден дар праймеризро "бо далели одӣ шарҳ додан мумкин аст, ки аксари мардум амаки Ҷоро дӯст медоранд" навиштааст рӯзноманигори Washington Post Макс Бут дар моҳи март.

COVID-19 ВА МАЪРАКАИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Маъракаи президентии соли 2020 дар Амрикоро ҳамагири коронавирус комилан чаппаву роста кард. Гирдиҳамоиҳои бузурги сиёсӣ бо ширкати тарафдорон ва овоздиҳандагони дудила, ки асоси корзор аст, бино бар хатари азим ба тандурустии одамон ғайриимкон шуданд.

Дар моҳи август, Ҳизби Демократ анҷумани комилан маҷозиро баргузор кард, дар ҳоле ки ҷумҳурихоҳон танҳо як қисми рӯйдодҳои худро ба шабакаи интернет интиқол доданд.

Байден, ки аз рӯйи синнусол ба гуруҳи осебпазир шомил аст, дар аксари маъракаҳо аз хона кор карда, дар интернет мусоҳиба медод.

Доналд Трамп, ки барояш гирдиҳамоиҳои пурғавғо бо тарафдорони сершумор муҳити табиӣ мебошад, тавсияҳои тиббиро ба назар нагирифт ва ташкили чорабиниҳои калонро дар саросари кишвар идома дод. Трамп мунтазам Байденро барои ниқоб пӯшидан ва маъракаи таблиғотӣ аз хона таҳқир карда, ӯро "Ҷо Ҳайден" - "Ҷои Пинҳоншуда" номид.

Аммо маъракаи оромтари Байден – сабки роҳбарие, ки ба гуфтаи ӯ, дар аҳди пандемия тавсия дода мешавад, ҳамзамон барояш кумак кард, ки заифтарин хислати худ, яъне суханронӣ дар назди издиҳоми мардумро пинҳон намояд. Байден на танҳо бо табассуми васеъ ва меҳрубонона, балки инчунин бо иштибоҳҳои сершумори худ намудор гашт: вай ҳангоми суханрониҳо рақам ё солҳоро борҳо ба ҳам омехт ва номҳоро ғалат ба забон овард.

Паёмҳои Байден дар сабқати ибтидоии демократҳо аксар вақт номуносиб ва бекифоят ба назар мерасиданд. Барои намуна, ӯ дар як мубоҳиса гуфт, ки оилаҳои амрикоӣ бояд "граммофон"-ро якҷоя гӯш кунанд, ҳол он ки ин дастгоҳ даҳсолаҳо пеш аз истифода баромадааст.

Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни мунозираҳо бо Трамп дар моҳҳои сентябр ва октябр Байден тақрибан пешпо нахӯрда, раисиҷумҳурро барои нокомиҳояш дар мубориза бо ҳамагири коронавирус шадидан танқид кард, ки дар охири моҳи сентябр ҷони беш аз 200 000 амрикоиро рабуд.

"Шахсе, ки масъули ин қадар маргумир аст, набояд президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боқӣ бимонад", -- гуфт Байден дар ҷараёни дебатҳои президентии 22-юми октябр.

УКРАИНА ВА БУРИСМА

Назарсанҷиҳо нишон медоданд, ки Байден ҳанӯз пеш аз расман номзад шуданаш аз Трамп дида пешсафтар аст.

Трамп кӯшиш кард, ки Байденро ҳамчун як сиёсатмадори "фасодзада", ки хонаводааш аз мансабҳои ҳукуматии ӯ баҳра бурданд, муаррифӣ карда, бартарӣ ба даст орад.

Ҳамлаҳо асосан ба он тамаркуз ёфтанд, ки ҳангоми ишғоли Қрим аз тарафи Русия ва ҳимояти Русия аз ҷудоихоҳони мусаллаҳи ду минтақаи ҷанубу шарқи Украина Байден ёвари аршади Обама дар масъалаи Украина буд. Писари Ҷо Байден Ҳантер як моҳ баъди он ки падараш масъули сиёсатҳои ИМА нисбати Украина таъйин шуд, узви Шӯрои мудирони ширкати гази “Бурисма” дар Киев гашт.

Ҷо Байден бо писараш Ҳантер Байден
Ҷо Байден бо писараш Ҳантер Байден

“Бурисма” аз они як мансабдори собиқи Украина аст, ки ба фасод гумонбар мешавад. Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ, дастаи Трамп далел овард, ки Байден ба барканории додситони кулли Украина ноил шуд, то тафтиши фаъолиятҳои “Бурисма” қатъ гардад.

Бино бар гузорише, ки моҳи сентябр пас аз таҳқиқи сенаторҳои ҷумҳурихоҳ нашр шуд, мавқеи Ҳантер Байден дар Шӯрои мудирони “Бурисма” мисли бархӯрди манфиатҳо ба назар мерасад, аммо ҳеҷ далеле барои исботи амали ғайриқонунии Байден дар ин қазия ёфт нашудааст.

XS
SM
MD
LG