Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз эълони ҳукм Навалний шаҳрвандони Русияро ба эътироз даъват кард


Алексей Навалний дар мурофиа. Химки, 18-уми январи 2021
Алексей Навалний дар мурофиа. Химки, 18-уми январи 2021

Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолиф, аз мардуми Русия хост, ки ба нишони эътироз аз ҳукми ҳабси ӯ ба хиёбонҳо бароянд. Навалний шоми 17-уми январ баъди муолиҷа аз заҳролудшавӣ аз Олмон ба Маскав баргашт. Ӯро дар фурудгоҳ дастгир карданд.

Рӯзи 18-уми январ дар мурофиаи додгоҳие, ки дар бинои идораи полис баргузор шуд ва онро Навалний"масхараи адолат" номид, додрас гуфт, ӯ то 15-уми феврал дар ҳабс мемонад. Мақомоти Русия гуфтанд, Навалний ҳукми ҳабси шартӣ аз рӯйи парвандаи соли 2014 оид ба фасодкориро поймол кардааст, аммо худи Навалний инро рад мекунад.

Навалний дар як изҳороташ, ки 18-уми январ дар YouTube нашр шуд, гуфт, "натарсед, ба хиёбонҳо бароед. Барои ман не, барои худатон ва ояндаи худ берун бароед."

Боздошти сиёсатмадори 44-сола маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард ва аксар раҳбарони ғарбиву аврупоӣ аз Русия талаб карданд, ки ӯ билофосила озод шавад.

Ёварони Навалний гуфтанд, ӯ ба ҳуқуқшиносон дастрасӣ надошт ва дар бораи мурофиа танҳо дар толори додгоҳ хабардор шуд. Кира Ярмиш видеои Навалнийро дар додгоҳ нашр кард, ки дар он ӯ бо ишора ба Путин мегӯяд, президент аз тарс нагузошт, ки тамоми ҷараён мутобиқи қонун гузарад.

Вакилони мудофеъ гуфтанд, давоми наздик ба як шабонарӯз дар ҳабс Навалний аз ҳуқуқшинос маҳрум буд ва онҳо намедонистанд, ки ӯ чӣ ҳол дорад.

Ӯ дар лаҳзаҳои шурӯи мурофиа гуфт: "Аз ин пеш ҳам истеҳзои низоми адлияро шоҳид шудаам, вале зоҳиран он пирамард дар паноҳгоҳаш чунон аз ҳама чиз метарсад, ки онҳо ҳоло Кодекси ҷиноиро намоишкорона лахт-лахт карда, ба ахлот андохтанд. Имкон надорад, чунин коре, ки ҳоло мегузарад, бишавад. Ин беқонунии дараҷаи олӣ аст, ман дигар сифатро ба кор бурда наметавонам."

Мақомоти низоми зиндонҳои Русия гуфтанд, Навалний бо сабаби "чандин бор нақз кардани" муқаррароти ҳабси шартӣ аз рӯйи ҳукми соли 2014 оид ба тақаллуб ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Навалний гуфт, қазия ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Навалнийро рӯзи 17-уми январ созмони Amnesty International "маҳбуси виҷдон" номид. Ӯ моҳи августи порсол заҳролуд шуд ва чандин озмоишгоҳҳои ғарбӣ собит карданд, ки ӯро бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд кардаанд. Навалнийро барои муолиҷа ба Олмон интиқол доданд.

Пешвои мухолифини Русия, ки барои ташкили эътирозҳои серҷамъият чандин бор ҳабс шудааст, гуфт, президент Владимир Путин амри заҳролуд кардани ӯро содир кардааст. Маскав ин иттиҳомотро рад мекунад.

Заҳролудкунии Навалний монанд ба қазияи заҳролудшавии ҷосуси дугонаи рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар соли 2018 дар шаҳри Салисбурии Инглистон будааст. Ин қазия таваҷҷӯҳи байналмилалиро ҷалб кард. Навалний гуфт, баъд аз анҷоми табобат ба Русия бармегардад ва мавриди таҳдиди мақомот қарор гирифт.

Раиси ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид Мишел Бачелет дар изҳороте гуфт, "аз ҳабси Алексей Навалний ҷиддан дар ташвиш ҳастем ва тақозо мекунем, ки ӯ билофосила озод шавад. Мо талаби худро оид ба баргузории таҳқиқоти муфассал ва бетарафонаи заҳролудшавии ӯ бори дигар такрор мекунем."

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз даъвати СММ пуштибонӣ карданд. Бисёр кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Кремлин тақозо карданд, шеваи заҳролудшавии Навалнийро бо силоҳи кимиёӣ шарҳ бидиҳад.

Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз номи 27 кишвари узв гуфт, "Иттиҳоди Аврупо боздошти раҳбари мухолифони Русияро маҳкум ва тақозо мекунад, ки ӯ билофосила озод шавад." Вай афзуд, Аврупо ин қазияро пайгирӣ мекунад ва сиёсатҳои худро нисбат ба Русия мутобиқ ба амалҳои он созмон медиҳад.

Литва, Латвия ва Эстония дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январ тақозо карданд, ки нисбат ба Русия барои заҳролудкунии Навалний чораҳои муҷозоткунанда ҷорӣ шавад.

Русия айни замон ба таҳдидҳои Ғарб беэътиноӣ мекунад. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар изҳороте рӯзи 18-уми январ маҳкумияти ғарборо аз ҳабси Навалний талоши дур шудан аз масоили дохилии онҳо номид.

XS
SM
MD
LG