Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боғигул даъво дорад, ки хатои пизишкон ӯро безурёт кард. Табибон мегӯянд, ҷарроҳӣ бо хости бемор сурат гирифт. ВИДЕО


Боғигул Эгамбердиева мегӯяд, шаш сол пеш ӯро ҷарроҳӣ карданд, вале намедонист, ки тухмдонашро гирифтаанд
Боғигул Эгамбердиева мегӯяд, шаш сол пеш ӯро ҷарроҳӣ карданд, вале намедонист, ки тухмдонашро гирифтаанд

Як зани 36-сола аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон иддао дорад, ки хатои пизишкон ӯро умрбод аз таваллуди фарзанд маҳрум кардааст.

Боғигул Эгамбердиева мегӯяд, пизишкони таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб шаш сол пеш бе иҷозат тухмдонашро буридаанд ва ӯ дар ин бора нав огоҳӣ ёфт. Пизишкон дар навбати худ мегӯянд, ҳеч ҷарроҳиро бе ризояти бемору наздиконаш анҷом намедиҳанд ва қазияи Боғигул ҳам истисно нест.

Боғигул Эгамбердиева рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки шаш сол қабл барои ҷарроҳии бачадонаш ба пизишкон муроҷиат намуд, вале на барои буридани тухмдон ва маҳрум карданаш аз таваллуди кӯдак. "Пас аз ҷарроҳӣ хуб будам. Дертар дубора дард пайдо шуд. Ба Душанбе рафтем. Дар онҷо гуфтанд, ки тухмдонат нест, аммо табибон нагуфта буданд, ки тухмдонро гирифтаанд", -- шикоят кард ӯ.

Ин сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, фақат як фарзанд дорад: "Мехоҳам, боз тифле ба дунё орам, аммо ин вазъ маро ғамгин кардааст. Писарам низ ҳар дафъа мегӯяд, бояд хоҳар ё додаре дошта бошад."

Дар таваллудхонаи рақами дуи шаҳри Кӯлоб гуфтанд, аз ин ҳодиса шаш сол гузаштааст ва дақиқ намедонанд, он замон чӣ шуда буд. Аммо Шаҳло Бобохонова, сарпизишки таваллудхонаи Кӯлоб, гуфт, "пас аз ҷарроҳӣ ҳамон узверо, ки гирифтаем, нишон медиҳем. То имрӯз бе пурсиши хонавода касеро ҷарроҳӣ накардаем."

Таваллудхонаи рақами дуи шаҳри Кӯлоб
Таваллудхонаи рақами дуи шаҳри Кӯлоб

Пайвандони Боғигул мегӯянд, ҷарроҳӣ ва гирифтани тухмдон бе пурсидани онҳо рӯй додааст. Бӯрихон Қаюмов, хусури Боғигул, гуфт, "вақте даъво кардем, аз таваллудхона ба мо занг зада, гуфтанд, ки фишори хуни сартабиб баланд шудааст ва дигар дар ин бора гап назанем. Шаш сол мешавад, ки кӯдакдор намешавад ва доим бемор аст. Фикри ӯро кӣ мекунад?"

Ҳоло яке аз пайвандони Боғигул Эгамбердиева духтари худро ба ӯ додааст, то мисли фарзандаш бузург кунад ва безурёт шудани худро аз ёд барад. Вале аъзои оилааш мегӯянд, аз даъвои худ дар мавриди иштибоҳи табибони таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб даст намекашанд ва таҳқиқи онро талаб доранд, то ба гуфтаашон, "дар оянда такрор нашавад".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Зани 36-сола даъво дорад, ки хатои пизишкон ӯро безурёт кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Дар гузашта низ баъзе аз сокинон аз хатои табибон шикоят кардаанд, ки боис ба марги наздикон ё якумр маъюб гаштани онҳо шудааст.

Соли 2018 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон беш аз 40 пизишкро барои хатоҳояшон ба ҷавобгарӣ кашида буд. Табибон вуҷуди иштибоҳҳоро рад намекунанд, аммо мегӯянд, вазъ ба он шакле нест, ки баъзе аз сокинон шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG