Расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки мақомоти ин кишвар чанд нафарро бо гумони паҳн кардани иттилои дурӯғ дар бораи гуё рахна шудани обанбори Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон ва ҳамчунин эҷоди таҳлука дастгир кардаанд.
Яке аз боздоштшудаҳо дар наворе, ки тавассути телевизиони Сирдарёи Узбекистон пахш шуд, гуфт, хабарро дар Ютуб фаҳмид ва наздиконро огоҳ кард. Онҳо дар навбати худ хабарро ба ҳамсояҳову пайвандони дигар расондаанд.
Ин иттилоъ рӯзи 14-уми январи имсол дар миёни сокинони Сардобаву Мирзообод ва Оқолтини вилояти Сирдарё паҳн шуда, иддае аз онҳо саросемавор хонаҳои худро тарк карданд. Раиси вилояти Сирдарё ва намояндагони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон аз мардум хостанд, фирефтаи хабарҳои беасос нашаванд.
Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 15-уми январ ба нақл аз мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон навишт, "дар обанбори Қайроққум ҳеч ҳодиса рух надода, бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад".
Дар ҳамин ҳол, охири ҳафтаи гузашта раҳбарияти обанбор ва нирӯгоҳи Қайроққум дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, баъд аз тақрибан 10 соли барномарезиву ҷустуҷӯйи сармоягузор бозсозии нирӯгоҳро бо пули Иттиҳоди Аврупо оғоз кардаанд. Файзулло Авазов, мудири обанбор ва нирӯгоҳи Қайроққум, ба Радиои Озодӣ гуфт, 6 чархаро иваз ва тақрибан тамоми таҷҳизоти техникии нерӯгоҳро нав хоҳанд кард.
Ӯ афзуд, "ҳудуди 80 дарсади корҳои асосиро мутахассисони тоҷик ва 20 дарсади дигарро мутахассисони аврупоӣ анҷом медиҳанд.” Ба қавли ӯ, навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳ дар моҳи марти имсол оғоз хоҳад ёфт.
Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум дар дарёи Сир ягона манбаи бузурги тавлиди барқ ва ҳамчунин ҷойи ҷамъоварии об ба заминҳои Узбекистон ва Қазоқистон аст. Ҳар сол дар обанбори Қайроққум ҳудуди 3.5 миллиард метри мукааб обро захира мекунанд.
Ба гуфтаи масъулон, то кунун нерӯгоҳ таъмиру тармими куллӣ надида, кӯҳнаву фарсуда ва дар муқобили садамаҳои техникӣ осебпазир шудааст. Бо ин вуҷуд, ҳар зимистон ба сабаби норасоии барқ бо тамоми нерӯ ба кор андохта мешавад, ки зарурати таҷдиди онро афзун кардааст.
Файзулло Авазов, мудири обанбор ва нирӯгоҳи Қайроққум гуфт, навсозии нерӯгоҳ нерӯи тавлидотии онро беш аз 30 дарсад, яъне аз 126 ҳазор ба 174 ҳазор киловатт/соат дар як шабонарӯз зиёд хоҳад кард. Ӯ афзуд, аз моҳи августи соли гузашта корҳои омодасозӣ оғоз гардида, то кунун идома дорад. Моҳи марти ҳамин сол корҳои асосии ивази таҷҳизоти техникии нерӯгоҳ шуруъ мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои таҷдид солҳо аз созмонҳои молии байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон талаби сармоя мекард. Ҳоло масъулини нирӯгоҳи Қайроққум мегӯянд, навсозии нерӯгоҳ дар умум 57 моҳ идома карда, дар назар аст, соли 2023 поён ёбад.
Бино ба маълумоти расмӣ, ширкати аврупоии GE Renewable Energy барои таҷдиди нирӯгоҳи Қайроққум 150 миллион доллар ҷудо карда, дар ин бора моҳи апрели соли 2019 бо ширкати “Барқи Тоҷик” созишнома ба имзо расонидааст. Тоҷикистон беш аз 50 миллион доллари ин маблағро чун ёрии бебозгашт ва ҳудуди 100 миллион долларро ҳамчун қарзи боимтиёзи дарозмуддат гирифтааст.
Ҳамчунин Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд гуфтааст, дар сурати пеш омадани корҳои иловагӣ ва кофӣ набудани маблағ барои навсозии нирӯгоҳи Қайроққум 50 миллион доллари дигар ҷудо хоҳад кард.