Додгоҳе дар Юнон Саъдӣ Раҳматов, яке аз пайвандони Шарофиддин Гадоев, фаъоли мухолифини тоҷик дар Аврупоро аз боздошт раҳо кардааст. Шарофиддин Гадоев ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки домоди хонаводаро рӯзи 13-уми январ аз боздоштгоҳ ҷавоб доданд ва иттиҳоми ба зидди ӯ тасдиқ нашудааст.
Раҳматови 27-соларо моҳи ноябри соли гузашта бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ва бо дархости Тоҷикистон дар шаҳри Триполиси Юнон дастгир карданд.
Ҳамсари Раҳматов қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ барои гирифтани шиноснома ба идораи пулис рафта буд ва дар он ҷо боздошт шуд. “Гуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро ҷустуҷӯ мекунанд. Мо зиндагии оддӣ дорем ва фаъолияти сиёсӣ надорем", -- гуфт ӯ.
Ин зан гуфт, ба хотири пайвандиаш бо Шарофиддин Гадоев, хонаводаи онҳо дар Тоҷикистон зери фишор буд ва соли 2015 аз кишвар берун шуданд.
Шарофиддин Гадоев аз фаъолони мухолифини тоҷик аст, ки соли 2012 аз Тоҷикистон берун шуд ва ҳамроҳ бо Умаралӣ Қувватов, соҳибкори тоҷик “Гуруҳи 24”-ро созмон доданд. Пас аз қатли Қувватов дар соли 2015 ӯ аз ин гуруҳ хориҷ ва ҳоло раҳбари ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон"-ро бар душ дорад.