Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кулли Тоҷикистон Далер Шарифовро "барои ҷомеа хавфнок" номидааст


Далер Шарифов
Далер Шарифов

Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳоди Идораи зиндонҳоро дар бораи ба маҳбаси сукунатӣ гузарондани хабарнигори тоҷик Далер Шарифов рад карда, ӯро "барои ҷомеа хавфнок" номидааст. Дар ин бора падари хабарнигор, Абдуманнон Шарифов, бо такя ба номае, ки дар зиндони ноҳияи Ёвон ба ӯ нишон додаанд, рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки ду моҳ пеш масъулони Идораи зиндонҳо ба Далер Шарифов хислатномаи мусбат дода, хоста буданд, ӯ ба маҳбаси сукунатӣ гузаронда шавад. Дар маҳбаси сукунатӣ дар муқоиса ба зиндон маҳдудиятҳо камтар аст.

Далер Шарифовро, ки дар расонаҳои гуногун ошкоро сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, моҳи апрели имсол ба як соли зиндон маҳкум карданд ва ҳоло ӯ дар маҳбаси ноҳияи Ёвон аст. Қаблан волидонаш гуфта буданд, вазъи саломати ӯ хуб нест ва илова ба ин дар маҳбас "як навъ фишорро эҳсос мекунад".

Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов, рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, муовини сардори маҳбаси Ёвон рӯзи шанбеи гузашта ӯро бо посухи масъулони Додситонии кул шинос кард. "Дар маҳбаси Ёвон ба ман коғази додситониро нишон дода, гуфтанд, бо сабаби барои ҷомеа хавфнок будани Далер Шарифов барои гузаронидан ба маҳбаси сукунатӣ иҷозат дода намешавад", -- афзуд ӯ.

Падари Далер Шарифов гуфт, ҳафтаи гузашта бо писараш мулоқот доштанд ва хабарро ба ӯ расонданд.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба натиҷаи баррасии хислатномаи Далер Шарифов суҳбат накарданд. Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо пештар ба Далер Шарифов хислатномаи мусбат дода буданд, аммо ба сабаби дар сафари хидматӣ будан, дар бораи посухи додситонӣ хабар надорад.

Вале Умаров моҳи октябри имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "Далер Шарифов дар ин муддат дар муассисаи ислоҳӣ ба ҳеч амали номатлуб даст назадааст ва рафтори муносиб дошта, аз кирдори худ пушаймон аст."

Хислатномаи мусбати Идораи зиндонҳо ва посухи радди масъулони Додситонии кул дар ҳолест, ки ба қавли волидонаш ба поёни муҳлати ҳабси Далер Шарифов ҳудуди 40 рӯзи дигар мондааст.

Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷик, рӯзи 28-уми январи имсол боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрели имсол ӯро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ як сол аз озодӣ маҳрум кард.

Хабарнигори тоҷик гуфтааст, иттиҳомот асос надоранд. Ба қавли падараш ӯ, дар сӯҳбатҳои ахир танҳо гуфтааст, "қисман иштибоҳ кард" ва дар як таҳқиқаш аз китобе иқтибос овард, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, аммо маълум нест ин нуктаро таҳти чӣ шароите баён кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқу озодии баён ва ҳамкорони собиқаш мегӯянд, Далер Шарифовро мақомот барои дигарандешиву интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ба додгоҳ кашидаанд, то ба ин васила ӯро “сокит кунанд” ва ба дигарон “ҳушдор бидиҳанд”.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад.

Як созмони ҳомии ҳуқуқ бо номи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.

Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG