Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайрави "Шоҳидони Яҳува"-ро дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум карданд


Рустамҷон Норов ва Ҷовидон Бобоҷонов
Рустамҷон Норов ва Ҷовидон Бобоҷонов

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд як пайрави 22-солаи пайрави “Шоҳидони Яҳува” –ро бо гуноҳи саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ба севуним соли зиндон маҳкум кард.

Фаъолияти ин дини масеҳӣ дар Тоҷикистон мамнуъ аст ва бар асоси ақидаи пайравонаш, онҳо набояд дар сафи артиш хидмат кунанд. Рӯзи 8 - уми январ дар додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд гуфтанд, ки додгоҳ Рустамҷон Норовро барои “саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ бо усули дигар” гунаҳкор донист.

Рустамҷон Норов, ки нахост дар қисми ҳарбие дар Хуҷанд либоси низомӣ бипӯшад, мегӯяд, ки мехоҳад, аз роҳи алтернативӣ хидмати ҳатмиро адо кунад. Ин ҷавон, волидайн ва вакили мудофеаш ҳукми додгоҳро “сангин” номида, гуфтаанд, ки ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд.

Дар Тоҷикистон қаблан низ чанд узви созмони “Шоҳидони Яҳува” барои сарпечӣ аз хидмати низомӣ зиндонӣ шудаанд, аммо бори аввал аст, ки яке аз онҳо чунин ҷазои сахт мегирад. Қарори додгоҳ рӯзи 7 - уми январ содир шуд ва ҳукми иҷро нагирифтааст. Дар додгоҳи Хуҷанд нахостанд, дар бораи ҷузъиёти парванда ва чӣ гуна аз хидмати ҳарбӣ сар тофтани Норов суҳбат кунанд.

Юлдузхон Қурбонова, вакили дифои Рустамҷон Норов мегӯяд, зерҳимояаш ва аҳли оилаи ӯ аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардани Рустамҷонро қабул надоранд ва ҳукми додгоҳро ғайриодилона меҳисобанд. Хонум Қурбонова рӯзи 9 январ афзуд : “Мо шикоят мебарем ва бозбинии парвандаро талаб мекунем. Худи Рустамҷон ҳам аз ҳукми суди ҳарбӣ розӣ нест. Ҳукмро, ки дастрас кардем, шикоят мебарем.”

Роҳи алтернативии хидмат, вале кадом роҳ

Ба гуфтаи Юлдузхон Қурбонова, Рустамҷон Норов аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ накардааст ва мехост, онро бо ҳаққи қонунии худ “аз роҳи алтернативӣ” адо кунад. Вале мақомот хоҳиши ӯро нодида гирифтанд ва бо роҳи фиреб ба қисми ҳарбӣ бурданд.

Ӯ гуфт, Рустамҷон Норов рӯзи 24-уми сентябр ба комиссариати ҳарбии ҷои зисташ, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ариза пешниҳод кард, ки мехоҳад, хидмати ҳатмии ҳарбиро бо роҳи алтернативӣ адо кунад. Вале рӯзи 1-уми октябр бо даъватномаи прокуратура, ки аризаи ӯро баррасӣ мекунанд, ба комиссариати ҳарбӣ бурданд ва ба қисми ҳарбие ба Хуҷанд равон карданд.

Рустамҷон Норов дар қисми ҳарбӣ нахост аз рӯи ақидаи диниаш либоси ҳарбӣ ба бар кунад. Додситонии ҳарбии Суғд 17 - уми октябри соли 2020 барои саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ нисбат ба ӯ парванда боз кард ва ӯро ба ҳабс гирифт. Норов то кунун дар боздоштгоҳ аст.

Юлдузхон Қурбонова, вакили дифоаш мегӯяд, ҳангоми тафтиши парванда аз додситонӣ дархост карданд, Рустамҷонро озод кунанд, чунки ба қавли ӯ, дар рафтори зерҳимояаш ягон амали ғайриқонунӣ вуҷуд надорад. Додситонии ҳарбӣ ин дархостро рад кардааст.

Ба ҳуқуқи диниаш эҳтиром нагузоштанд

Модари Рустамҷон Норов - Фариза Норова дар суҳбат бо сомонаи “Форум 18” рӯзи 7- уми январ гуфтааст, писарашро моҳи октябри соли 2020 дар пойгоҳи ҳарбие дар Хуҷанд низомиён таҳдид кардаанд, агар либоси ҳарбиро ба бар накунад, шиканҷа хоҳанд дод. Аммо бо вуҷуди ин амри онҳоро иҷро накардани писараш дар ҳеҷ куҷо ӯро шиканҷаи ҷисмонӣ надодаанд.

Фариза Норова ҳамчунин гуфтааст, дар қисми ҳарбӣ китоби “Инҷил” - и писарашро гирифта, то ҳабси пешакии ӯ барнагардонидаанд. Дар боздоштгоҳ низ нагузоштанд бо худ “Инҷил” дошта бошад. Ӯ дар суҳбат бо сомонаи мазкур гуфтааст, ки то кунун ҳеҷ кас, на аъзои оила, на дӯстон, на ҳамақидагонашро ба далели пандемияи коронавирус иҷозаи дидор бо Рустамҷон надодаанд.

Худи Рустамҷон Норов ҳам соли гузашта пеш аз бурданаш ба хидмати ҳарбӣ ба бемории Ковид – 19 гирифтор шуда, шифо ёфтааст. Вакили дифои ӯ гуфт, аҳволи Рустамҷон дар толори додгоҳ хуб ба назар мерасид ва ӯ гуфтааст, дар боздоштгоҳ бо ӯ муомила ва муносибати ғайриқонуние накардаанд.

Дар кодекс ҳаст, вале қонунаш нест

Коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, қонунҳо ба даъватшавандагон ихтиёр додааст, хидмати ҳатмии ҳарбиро аз роҳҳои дигар масалан – кори бемузд дар хонаи кӯҳансолон, беморхона ё ҷои дигаре адо мекунад. Мушкил дар он аст, ки бо гузашти беш аз 20 сол аз пешниҳоди Қонун дар бораи хидмати ҳарбии алтернативӣ қабул нашудааст. Музаффар Бобоҷонов, полковники мустафъӣ, коршиноси масоили хидмати ҳарбӣ мегӯяд :

“Ба ҳамин сабаб ҷавононеро, ки дар қисми ҳарбӣ хидмат кардан намехоҳанд ва адои хидматро фақат бо роҳи алтернативӣ қабул доранд, барои саркашӣ аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ гунаҳкор ва ҳабс карда истодаанд. Ҳол он ки ҳанӯз 1 октябри соли 1998 дар “Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон” мафҳуми “саркашӣ аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ ва хидмати алтернативӣ” – ро дохил карданд. Баъди он 30 ноябри соли 2000 дар “Қонун дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, дар банди 1 навиштанд, ки “Шаҳрванд ҳуқуқ дорад мутобиқи қонун ба ҷойи адои хизмати ҳарбӣ хизмати алтернативӣ адо намояд.” Вале то ҳозир қонуне, ки тартиб ва чӣ гуна адо кардани хизмати алтернативиро муайян кунад, қабул нашудааст. Барои ҳамин даъватшавандаеро, ки ба адо кардани хидмати ҳарбӣ аз роҳи алтернативӣ пофишорӣ мекунад, бо айби саркашӣ аз хидмат ба ҳабс маҳкум кардан дуруст нест.”

Ба бовари ин коршинос, қабули Қонун дар бораи хидмати ҳарбии алтернативӣ ин мушкилиро поён хоҳад дод. Бори охир моҳи апрели соли 2017 матбуоти тоҷик дар бораи баррасии тарҳи қонуни хидмати алтернативӣ дар парлумони Тоҷикистон, бо ширкати вазири дифоъ - Шералӣ Мирзо хабар дод. Зоҳиран ин мавзӯъ дигар матраҳ нашуд.

Фаъолияти “Шоҳидони Яҳува” дар Тоҷикистон

Созмони “Шоҳидони Яҳува” соли 1997 фаъолияташро дар Тоҷикистон бо роҳи қонунӣ ба роҳ монда, аз равияҳои фаъоли масеҳӣ шинохта мешуд. Фаъолияти ин созмон соли 2007 бо қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури динро ба уҳда дошт, мамнуъ шуд. Зоҳиран саркашии пайравонаш аз пӯшидани либоси ҳарбиву ба даст гирифтани аслиҳа сабаб гардид. Чандин пайрав ва тарғибгари ақидаҳои ин созмон ва аз хидмати ҳарбӣ сарпечикардаро зиндонӣ карданд.

Пайравони “Шоҳидони Яҳува” аз озору шиканҷа дидани худ дар қисмҳои ҳарбӣ шикоят карданд. Ҷамол Бобоҷонов, падари яке аз онҳо - Ҷовидон Бобоҷонов ба мақомоти тоҷик шикоят бурд, ки писарашро дар қисми ҳарбӣ ҳамхидматони ӯ бо лату кӯб маҷбур мекарданд либоси ҳарбӣ ба бар кунад ва савганди ҳарбӣ ёд кунад. Вале мақомот ин шикоятҳоро нодида гирифтанд ва гуфтанд, писараш ба замин бархӯрда ҷароҳат дидааст. Зимнан, Ҷовидон Бобоҷонови 20-сола, ки 2 сол зиндонӣ шуд, баъди 9 моҳи адои ҷазо мутобиқи қонуни афв 1 ноябри соли гузаштаи 2020 озод шуд.

Юлдузхон Қурбонова, вакили дифои Рустамҷон Норов мегӯяд, зерҳимояи ӯ танҳо ҳаққи қонунии худро барои адои хидмати ҳарбӣ бо роҳи алтернативӣ талаб кард ва паси панҷара рафт. Ӯ умедвор аст, парванда бозбинӣ ва Рустамҷон аз зиндон озод хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG