Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Форум 18": Шоҳидони Яҳво қазияи Ҷовидонро ба СММ мебарад


Ҷовидон Бобоҷонов. Акс аз пойгоҳи "Форум 18"
Ҷовидон Бобоҷонов. Акс аз пойгоҳи "Форум 18"

Намояндагони "Шоҳидони Яҳво" тасмим гирифтаанд, ки қазияи Ҷовидон Бобоҷонов, як узви зиндонии ин созмони мазҳабиро дар Тоҷикистон то ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал бикашонанд. Дар ин бора пойгоҳи "Форум 18" хабар дод, ки бештар маҳдудияти озодиҳои диниро дар кишварҳои собиқи Шӯравӣ бозтоб медиҳад. Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Бобоҷоновро ба зиндон маҳкум кардааст. Мақомот мегӯянд, вай ба сарпечӣ аз хидмат ҷазо гирифт. Намояндагони "Шоҳидони Яҳво" иддао доранд, ки ӯ барои "ақидаи мазҳабиаш" маҳкум шуд.

Ҷовидон Бобоҷонови 20-сола пайрави созмони насронии "Шоҳидони Яҳво" аст. Пайравони ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аз рӯйи ақидаҳои мазҳабӣ наметавонанд либоси ҳарбӣ бипӯшанд ва ба даст силоҳ гиранд.

Сомонаи "Форум 18" ҳафтаи гузашта навишт, Ҷовидон Бобоҷоновро маҷбурӣ ба қисми ҳарбӣ бурда, хостаанд, либоси низомӣ бипӯшад ва савганди сарбозӣ ёд кунад. "Вақте аз пӯшидани либос сарпечӣ мекунад, сарбозон дастони ӯро ба пушташ қат карда, ба замин зер мекунанд ва сарашро бо пойҳояшон фишор медиҳанд", -- навиштааст сомона.

Волидони Ҷовидон Бобоҷонов моҳи феврали имсол ба унвонии масъулони нерӯҳои мусаллаҳ ва Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе шикоят карданд, ки шиканҷа нисбат ба фарзандашонро таҳқиқ кунанд. Ба далели, ба гуфтаи мақомот, тасдиқ нашудани латукӯби Бобоҷонов аз сӯйи ҳамхидматон тафтиши қазияи шиканҷааш рад шуд.

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе рӯзи дувуми апрел Ҷовидон Бобоҷоновро бо гуноҳи саркашӣ аз хидмат дар артиши Тоҷикистон ба ду соли зиндон маҳкум кард. Шикояти ӯ аз болои ҳукм дар марҳилаи болоии додгоҳ рад шуд.

Ба иттилои намояндагони расмии "Шоҳидони Яҳво" Бобоҷонов дар маҳбас бемор шудаву таб дошт ва баъди шифо ёфтан ба муассисаи ислоҳии ноҳияи Ёвон интиқол дода шуд. Вай бори охир моҳи феврал бо пайвандонаш дидор кардааст.

Мӯсо Одиназода, як масъули нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Форум 18” гуфтааст, Ҷовидон Бобоҷонов, “ҷинояти вазнин кард, ӯ аз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ саркашӣ намуд.”

Моҳи марти соли 2019 Тоҷикистон ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ эълон кард, ки қонун дар бораи хизмати алтернативиро омода дорад, аммо дар моҳи марти соли 2020 ба “Форум 18” гуфтаанд, қонун ҳанӯз барои пешниҳод ба порлумон омода нест.

Пойгоҳи “Форум 18" менависад, беҷазо мондани мавридҳои шиканҷаи одамон барои фаъолият ва ақидаҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ҳамоно як мушкили доғ мемонад. Дар ин гузориш аз чанд қазияву парвандаи шиканҷа шудани одамон бар асоси ақидаҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ёдоварӣ шудааст.

Ба навиштаи пойгоҳ, бо вуҷуди муроҷиату шикоятҳои батакрори Нилуфар Раҷабова, ки иддао дорад, барои доштани рӯйсарӣ боздошт ва дар идораи пулис шиканҷа шудааст, касе боздошт ва ба додгоҳ кашида нашуд.

Раҷабова дар нимаҳои моҳи декабри соли гузашта дар ҷараёни корҳои "фаҳмондадиҳӣ"-и мақомот ба зидди "либос ва фарҳанги бегона" ба идораи пулис бурда шуд ва баъдан шикоят кард, ки азият шудааст. Вай дар сӯҳбат бо “Форум 18” гуфтааст, дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро таҳдид карданд. Ба гуфтаи Нилуфар, бори ахир бо модараш моҳи апрел ба Додситонии ноҳияи Сино шикоят буд ва талаб кард, ки шиканҷагарон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

"Бо вуҷуди шикоятҳои батакрори ман, ягон масъул ва ягон нафар то имрӯз барои шиканҷаи ман ҷазо дода нашудааст", -- гуфтааст ӯ.

Ҷонон Баротзода, муфаттиши Додситонии ноҳияи Сино, ки қаблан Нилуфар Раҷабоваро бозпурсӣ кардааст, аз посух гуфтан ба суоли ин ки оё дар шиканҷаи Раҷабова шахсони масъул ҳам даст доранд ва оё ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё не, худдорӣ кардааст. Аммо Раҷабова мегӯяд, талошашро барои ба ҷавобгарӣ кашидани шиканҷагарон идома хоҳад дод.

Дар матлаби пойгоҳи “Форум 18” аз қазияи Хайриддин Достаков, рӯҳонии зиндонии тоҷик ҳам ёд оварда шудааст, ки ба иддаои наздиконаш, зери шиканҷа иттиҳоми ифротгароиро ба дӯш гирифтааст.

Бино ба иттилои “Форум 18” ҳуқуқи маҳбусоне, ки барои андешаву фаъолиятҳои озоди динӣ зиндонӣ шудаанд, дар маҳбас риоя намешаванд.

Мақомоти раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба дархости “Форум 18”, ки оё ин гурӯҳи маҳбусон иҷозаи мутолиаи китобҳои динӣ ва ибодатро дар муассисаҳои ислоҳӣ доранд ё не, посух надодаанд. Аммо пойгоҳи “Форум 18” аз қазияи маҳбус Шамил Ҳакимов мисол овардааст, ки соли гузашта дар Хуҷанд бо гуноҳи “барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Бино бар ин навишта, моҳи декабри соли 2019 гӯё зиндонбонҳо, китоби Инҷили Ҳакимовро гирифта, танҳо 20-уми апрел ба шарти дар танҳоӣ хондан баргардонидаанд.

Ба гуфтаи намояндагони “Шоҳидони Яҳво”, ба Ҷовидон Бобоҷонов ҳам дар маҳбас иҷозаи бо худ доштани Инҷилро надодаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки ахиран Амрико Тоҷикистонро барои риоя накардани ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон танқид кард. Муаллифони гузориши Департаменти давлатии Амрико аз таъқибу азияти ақаллиятҳои динӣ дар Тоҷикистон бахусус ҳабси пайравони ҷараёни масеҳии "Шоҳидони Яҳво" нигаронӣ кардаанд. Чизе, ки мақомоти Тоҷикистон намепазиранд ва ҳамвора ба озодии фаъолият ва ибодати намояндагони ақаллиятҳои динӣ дар кишвар таъкид меварзанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG