Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масеҳиёни Тоҷикистон мавлуди Исои Масеҳро таҷлил карданд.ВИДЕО


Таҷлил аз таваллуди Исоҳи Масеҳ дар Тоҷикистон имсол дар муқоиса бо солҳои қаблӣ камодам баргузор шуд. Бештаре аз пайравони ин дин дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин рӯз аз парвардигор осоишу саломатӣ ва раҳоӣ аз бемории ҳамагири COVID-19-ро хостаанд.

Дар даромадгоҳи калисои православӣ дар шаҳри Душанбе аз субҳи барвақт теъдоде аз талбандаҳои солхӯрда истода, ибодаткунандаҳоро пазироӣ мекарданд. Эҳсос мешуд, ки хуруҷи бемории COVID 19 дар Тоҷикистон аз ҳузури бештари пайравони ин мазҳаб ҷилавгирӣ кардааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Насрониҳои православии Тоҷикистон Милоди Масеҳро ҷашн гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Теъдоди ибодаткунандагон дар ибодатгоҳи масеҳиён чандон зиёд набуд. Бештаре аз онҳоро занон ва мардуми калонсол ташкил мекарданд. Уқсуф Павел, масъули калисо мегӯяд, ниёиш дар рӯзи таваллуди Исои Масеҳ дар калисо шаби гузашта ва субҳи имрӯз баргузор шудааст.

Ба гуфтаи Уқсуф Павел, "ҷашни мавлуди Исои Масеҳ дар замони пандемия ҳам ҳамон маънии таваллуди Исои Масеҳро дорад, ки ҳамеша низ ба ҳамин маънӣ буд. Аз ин рӯ, одамон меоянд, ҳарчанд шумораашон аз солҳои қаблӣ хеле кам аст. Қабл аз вуруд ба бинои калисо чораҳои амнияти беҳдоштӣ риоят мешаванд. То ҳол дар ягон маъбад манбаи сироят ба ин беморӣ нашудааст”.

Эътиқодмандо , ки аҳёнан вориди маъбад мешуданд, бештар аз сулҳу субот, дасти хайр ба дармондагон ва сиҳатии ҷомеа суҳбат мекарданд. Лилия Тяпкина, сокини Душанбе гуфт, ки соли гузашта барои тамоми ҷаҳон соли душворе буд.

Ӯ орзу дорад, ки одамон ба ҳамдигар хайрхоҳ бошанд: "Муҳим нест, ки ту аз кадом миллат ҳастӣ, чандсолаӣ, ба чӣ кор машғулӣ, ту метавонӣ камбағал бошӣ, аммо қалбат бояд саршори муҳаббат бошад. Ту метавонӣ ҳамеша дасти кӯмак ба камбағалон, беморон дароз кунӣ."

Калисои православӣ дар Душанбе
Калисои православӣ дар Душанбе

Масъулони калисои православӣ дар Душанбе мегӯянд, солҳои ахир теъдоди ибодаткунандагон дар калисо дар ҳоли коҳишёбӣ аст. Ҷавонон барои ибодат бисёр кам меоянд. Баъзан бузургсолон ҳамроҳи фарзандону наберагони худ ба ибодат меоянд.

Галина Гончар ҳамроҳи наберааш ба калисо омада буд ва уқсуф Павел ба пайрави ҷавони ин мазҳаб тӯҳфае тақдим кард. Галина Гончар бар ин назар аст, ки дар шароити феълӣ танҳо шукргузорӣ мекунад, ки аз ин беморӣ эмин ёфтааст.

Масъулони калисои масеҳӣ гуфтаанд, бо назардошти пандемия мақомот машварат додаанд, ки аз баргузории маросимҳои дастҷамъона худдорӣ кунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар рӯзҳои маъмулӣ дари калисо барои ибодат баста аст.

Дар калисои масеҳиёни шаҳри Хуҷанд низ имрӯз тақрибан ҳудуди 15 нафар бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз мавлуди Исои Масеҳ таҷлил карданд. Йеромонах Мардарий Тарасов, роҳиби калисои масеҳиёни шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки барои пайравони ин равия туҳфаҳо тақдим кардем, ки аз ғизои мухталиф ва рамзи макони таваллуди Исоҳи Масеҳ иборат буд. Аммо, дари калисои масеҳиёни ортодокс дар шаҳри Бохтар баста будааст.

Калисоҳои православӣ дар шаҳри Душанбе, Турсунзода, Бохтар, Панҷакент ва Хуҷанд фаъолият мекунанд. Аксари ин калисоҳо аз замони Шӯравӣ сохта шудаанд ва роҳибони онҳо русҳо ҳастанд. Тибқи омори соли 2018 дар Тоҷикистон 34 ҳазор рус зиндагӣ мекунанд, ки аксар пайрави мазҳаби православӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG