Баъд аз даҳ моҳи танаффус рӯзи 5-уми январ, миёни Тоҷикистону Узбекистон як парвози чартерӣ анҷом шуд. Алорағми шодии сокинони ҳарду кишвар мақомоти тоҷик мегӯянд, ин танҳо парвози ҷудогона буд, зеро то ҳол марзҳои Узбекистон барои шаҳрвандони кишварҳои дигар баста боқӣ мондааст.
Аз субҳи барвақти имрӯз низ мусофирони парвози ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” ба фурудгоҳи Душанбе омада, билетҳои худро барои парвоз сабт карданд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Нигора Аҳмадҷоноваи 21-сола баъд аз хуруҷи бемории COVID-19 бо ҷавони узбек издивоҷ карда, соҳиби фарзанд шуд. Ҳамакнун, тавассути парвози нахустини чартерӣ духтари хурдсолашро ба назди хешовандони шавҳараш ба Тошканд мебарад:
“Фарзандамро ба хонаи хусуру хушдоманам ба Тошканд мебарам. Шавҳарам дар Маскав аст. Ман аз он ҷо ба Душанбе назди волидайнам омада будам,”-афзуд Нигора.
Тавассути нахустин парвози чартерӣ аз Тошканд ба Душанбе 65 мусофир омад ва ҳангоми бозгашт 100 нафар ба Узбекистон рафтанд. Дар миёни онҳое, ки бо ин парвоз ба Тошканд рафтанд, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд, ки аз тариқи Узбекистон мехостанд худро ба Русия ё кишварҳои аврупоӣ расонанд.
Мирсаид Мамадаминов яке аз чунин мусофироне буд, ки мехост тариқи Тошканд ба шаҳри Мински Белоруссия сафар кунад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ӯ ронандаи боркаш аст ва бо роҳи заминӣ ба Белоруссия рафтан вақту маблағи зиёдтар талаб мекунад.
Арзиши як билети парвоз дар масири Тошканд-Душанбе ва баръакс аз 162 то 225 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. То замони хуруҷи бемории COVID-19 билетҳо дар ин масир ҳудуди 80 доллари амрикоӣ буд. Шояд ин амр сабаб шудааст, ки дар нахустин парвози чартерӣ ба Душанбе теъдоди камтари мусофирон аз Тошканд билет харидорӣ кардаанд.
Мусофирон дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд муваззафанд ҳангоми вуруд ба қаламрави кишвари ҳамдигар натиҷаи ташхиси бемории COVID-19-ро ба ниҳодҳои зирабт пешниҳод кунанд.
Дар ҳамин ҳол Азиз Набизода, муовини раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду кишвар тасмим гирифтаанд миёни Тошканд ва Душанбе танҳо як парвози чартерӣ анҷом диҳанд.
Зеро ба гуфтаи Набизода,“ҳоло ҳам ҷониби Узбекистон марзҳояшро барои хориҷиён накушодааст. Барои ҳамин ин парвози чартерӣ якто буд ва иҷро шуд”.
Парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз нимаи марти соли гузашта қатъ шуда буданд. Ҳоло тибқи қарори мақомоти Узбекистон, шаҳрвандоне, ки марзи ин кишварро убур мекунанд, бояд аз санҷиш гузаранд ва он аз ҳисоби худи мусофир анҷом дода мешавад. Дар мавриди оғози парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз иттилои расмӣ нашр нашудааст.