Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Қирғизистон дастгир кардаанд


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Масъулони Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи чаҳор тонна мандарин боздошт кардаанд. Назари ҷониби Тоҷикистон ба масъала маълум нест.

Дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао шудааст, ки "ду шаҳрванди Тоҷикистон ба талаби марзбонон итоат накарда, талош доштанд, ба хоки Тоҷикистон гузаранд. Вале марзбонон онҳоро нигоҳ дошта, боздошт карданд."

Аз ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ном бурда нашудааст ва мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки яке аз онҳо 31 ва дигаре 35-сола аст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, қазия аз сӯи ниҳодҳои дахлдор таҳқиқ мешавад.

Хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон бо гумони қочоқ сари чанд вақт ба расонаҳо роҳ меёбад. Ин боздоштҳо баъзан дар минтақаҳое сурат мегирад, ки дар онҷо ҳанӯз марз миёни ду кишвар пурра аломатгузорӣ нашудааст. Аз 976 километр марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG