Пайвандҳои дастрасӣ

 
IMF аз қарзҳо ва Бонки Ҷаҳонӣ аз иқтисоди "бемор"-и Тоҷикистон гуфтанд
Хабари нав

IMF аз қарзҳо ва Бонки Ҷаҳонӣ аз иқтисоди "бемор"-и Тоҷикистон гуфтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) дар қатори 28 кишвари фақири дунё муҳлати пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистонро дар давраи пандемия дароз кардааст.

Ба иттилои Вазорати молия, қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 миллиарду 96 миллион доллар аст. Ба ибораи дигар, ҳар сокини кишвар ба ҳисоби миёна 330 доллар қарздоранд.

Барои ёрӣ ба кишварҳои фақиртарини дунё, Сандуқи Байналмилалии Пул "Хазинаи боварӣ ва пешгирӣ аз фалокат"-ро таъсис дод ва Тоҷикистон дар баробари Афғонистону Яман ва кишварҳои африқоӣ аз он баҳра хоҳад бардошт.

ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРҶИ ПУЛҲО ҲАНӮЗ ГУЗОРИШ НАДОДААСТ

Шӯрои мудирони СБП дар як тасмими худ аз 5-уми октбяр гуфт, кумакҳо ба кишварҳои фақир аз ин хазина барои ним соли дигар тамдид карда шавад. Тоҷикистон моҳи майи имсол аз СБП 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз ба даст овард. Қарор аст, Сандуқи Байналмилалии Пул аз "Хазинаи боварӣ ва пешгирӣ аз фалокат" ба Тоҷикистон грант ва ё кумаки бебозгашт ҷудо кунад, аммо ҳоло маълум нест созмон ба Тоҷикистон чӣ қадар пул медиҳад.

Айни замон дар доираи давраи дувуми кумакҳо аз ин хазина Тоҷикистон ҳақ пайдо кард, ки ҳоло 5,2 миллион доллар напардозад ва бозгардони он ба таъхир гузошта шуд.

Замони ҷудо кардани 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз СБП гуфта буд, Тоҷикистон бояд дар бораи харҷи ин маблағ ҳар се моҳ гузориш диҳад ва матни он мазури омма шавад. Аз замони ҷудо шудани қарз се моҳ гузашт, вале Тоҷикистон аз чигунагии харҷи он ҳисобот надодааст. СБП навиштааст, Тоҷикистон барои ҳисобот додан ҳам кумаки фаннӣ ё техникӣ дархост кардааст.

Пас аз расонидани чунин ёрӣ ба Тоҷикистон интизор меравад то охири октябр гузориши аввал дар бораи шаффофияти харҷи маблағҳо нашр шавад.

Зимнан, музокироти мансабдорони тоҷик бо СБП имсол танҳо онлайн доир шуд ва санҷиши дахлу харҷи ёриҳову қарзҳои боимтиёз ба Тоҷикистон тавассути интернет сурат гирифт.

"ТАЪСИРИ АМИҚ ВА МАНФӢ"-И ПАНДЕМИЯИ COVID-19

Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, дефитсит ва ё камомади буҷаи Тоҷикистон имсол афзоиш ёфта, то охири сол метавонад, аз 350 то ба 500 миллион доллар расад. Ба ибораи дигар, ба буҷаи соли 2020 ва пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 350 то 500 миллион доллар нахоҳад расид.

Дар гузориши нави СПБ, ки рӯзи 6-уми октябр нашр шуд, гуфта мешавад, «таъсири амиқ ва манфии» пандемияи COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон идома дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани таъсири паҳншавии бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва соҳибкорон сабукӣ додааст. Аз ҷумла, иншооти соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкороне, ки дар бозорҳо кор мекунанд, муваққатан аз пардохти андоз озод шуданд.

Қарори додани сабукӣ баъдӣ беш аз як моҳи эълони расмии мавҷудияти коронавирус дар кишвар ва дар пайи интиқодҳое қабул шуд, ки мегуфтанд, мақомот ба вазъи соҳибкорон дар шароити буҳрон таваҷҷӯҳ намекунанд.

Иқтисоддонҳои СБП навиштаанд, захираҳои асъориву тилои Тоҷикистон бинобар гарон шудани нархи тило афзоиш ёфтанд ва мизони содироти мол ба истиснои фурӯши тило дар ним соли 2020 аз Тоҷикистон 20 дарсад кам шудааст.

ТАЪРИФ Ё ТАКАЛЛУФИ ДИПЛОМАТӢ?

Аммо даромадҳои буҷа кам шуда, дефитсит ба 6 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар шуда, камомади буҷа дар доираи 350 то 500 миллион доллар хоҳад буд. Бо ин вуҷуд иқтисоддонҳои СБП навиштаанд, ҳукумати Тоҷикистон барои муқобила бо пайомадҳои пандемия “сиёсати муносиби иқтисодиро” пеш мебарад.

Нур Сафаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, чунин арзёбии СБП “бештар як такаллуфи дипломатӣ аст, то вазъи воқеии мудирияти иқтисоди кишвар”. Вай афзуд, СБП бар сари баъзе аз ислоҳоти усулӣ ва бунёдӣ пойфишорӣ дорад, ки Тоҷикистон ҳанӯз онро напазируфтааст, ҳарчанд тайи солҳои охир чанде аз тавсияҳоро иҷро кард.

Аз ҷумла бо тавсияи ин созмон, ширкати “Барқи тоҷик” ба се ширкат тақсим шуд, нақшаи даромади буҷаи соли 2020 ҳудуди 2 миллиард сомонӣ кам карда шуд ва бахше аз хароҷотро қайчӣ заданд. Тоҷикистон бо тавсияи СБП ва Бонки Ҷаҳонӣ ёриҳои иҷтимоиро ба шахсони нодор бештар кард.

БОНКИ ҶАҲОНӢ ЧӢ МЕГӮЯД?

Дар ҳамин ҳол, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши худ навиштааст, бинобар пандемия рушди иқтисоди Тоҷикистон то ҳадде кунд шуд, ки дар ду даҳсолаи охир собиқа надошт. Ба гуфтаи бонк, зарбаи аз ҳама сахт аз пандемия ба бахши туризм ё ҷаҳонгардӣ ва меҳмонхонаҳо ворид шуд.

Ба пешбинии ин созмони байналмилалии молӣ, рушди иқтисоди Тоҷикистон танҳо соли ояндаи 2021 метавонад дубора оғоз шуда, ба сатҳи 3,7 дарсад бирасад. Аммо иқтисоддонҳои созмон менависанд, барқарор шудани рушди иқтисод ба кашфи ваксинаи коромад аз COVID-19, эҳёи тиҷорат ва бештар шудани интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷа бастагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG