Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи $2,6 миллион зарфҳои оксигени тиббӣ дод


Сарпарасти намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода 200 зарфи оксигени тиббиро дар маросими расмӣ имрӯз супорид.
Сарпарасти намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода 200 зарфи оксигени тиббиро дар маросими расмӣ имрӯз супорид.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба воситаи намояндагии Бунёди амрикоии рушди байнулмилал (USAID) дар Тоҷикистон 29 декабр ба Вазорати тандурустӣ 200 зарфи оксигени тиббӣ тақдим дошт. Ин бахши аввали барномаи ёриҳои ИМА ба Тоҷикистон дар таҳияи таҷҳизоти таъмини оксиген аст. Ҳамчун идомаи он қарор аст дар соли оянда се дастгоҳи пешрафтаи тавлиди оксиген аз тарафи USAID ба беморхонаҳои Тоҷикистон расонда хоҳанд шуд. Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм талошҳои Тоҷикистонро дар пешгирии паҳншавии COVID-19 ситоиш кард ва гуфт: «Мо шарикии худро бо мардуми Тоҷикистон қадр мекунем ва садоқати худро баҳри ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 изҳор менамоем.» Таъмин бо оксиген як давои муҳим ва наҷотбахши беморони COVID-19 мебошад. Аз оғози ҳзамагирии куруновирус дар Тоҷикистон ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба ин кишвар дар беҳбуди таъминоти оксигенӣ, фаъолияти лабораторияҳои тиббӣ, фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои шахсони бекормонда, расондани ғизо ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолӣ ва ғайра бештар аз 7,5 миллион доллар кӯмак кардаст.

XS
SM
MD
LG